Кафедраи экология

Мансуров Бахтиёр Алиевич

Мудири кафедраи экология
Мансуров Бахтиёр Алиевич,
номзади илмҳои кишоварзӣ
Тамос:
+ 992 (92)700 -70 -17,
+ 992 (92) 770-01-01
e-mail: bmansurzoda@mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти умумӣ дар ҳайати кории кафедра

Кафедраи экология, фаъолияти худро аз соли 2013 ташкил шуда, дар назди  факултети «Металлургия» вобаста мебошад. Самти асосии фаъолияти он тайёр намудани мутахассисони дипломдор аз рӯи ихтисосӽои “330101-05” «Ӽифзи муӽандисии муӽити зист» ва «Мониторинги  ӽолати муӽити зист»  мебошад. Барномаи  таълимии 5 сола буда, барои  тайёр намудани «Ӽифзи муӽандисии муӽити зист»  “330101-05”  мутахасис муӽандис- эколог ва  «570101-03” мутахассиси  муӽандис-  химик- эколог  аз руи равияи «Мониторинги  ӽолати муӽити зист»  тайер карда мешавад.
Аз соли 2015 ин жониб аз р=и бакалавар мутаіссисони  муӽандис- эколог “330101-05”   «Ӽифзи муӽандисии муӽити зист» таісил менамоянд.
Соӽаи фаъолияти касбии хатмкунандгони ихтисоси «Ӽифзи муӽандисии муӽити зист» – ин коркард, лоиӽакашӣ, сохтан, ба истифода додан ва такмили техника ва технологияи ӽифзи табиат, ташкил ва идоракунии корӽои муӽофизати табиат дар корхонаӽои саноатӣ ва дар комплексӽои минтақавии-саноатӣ буда, бо экспертизаи лоиӽаӽо, технологияӽо ва истеӽсолот, сертификатсияи маӽсулотӽо бо мақсади ба дастовардани бехатарии экологӣ дар фаъолияти хоҷагидорӣ машғул мешаванд.

 

Омӯзгорони кафедраи экология

Устодони кафедра бо донишҷӯёни бахши 1 ихтисоси

330101-05 – ҳифзи муҳандисии муҳити зист (1 сентябри 2016с.)

 

Дар тӯли фаъолияти кафедра устодони зерин ба таълиму тарбияи донишҷӯён саҳм гузоштаанд: Юнусов М.М. – доктори илмҳои химия, профессор, Розиқов З, А. – доктори илмҳои техникӣ, профессор, Ортиқбоев И.М. – номзади илмҳои педагогӣ дотсент, Ҷӯрабоев Ҷ. Ҷ. – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, Ортиқова Д, А. – номзади илмҳои химия, дотсент, Саидова М. – номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, Беззубов Н. И. – номзади илмҳои техникӣ, сармуаллимон – Ғаффоров С. Ҷ., Ҳакимов А. А., Музаффаров М. Р., Зуҳуров З. К., Иброҳимов И. М. , Иброҳимов Н. Ҷ., Иброҳимов С. Т., Саидов А. М., ассистентон – Шерматов Ҷ. Н., Саксанова Н. А., Мирбобоев Ш., Сатторова М. Ш., Раҳмонов О., Воҳидова Ф., Камолова Ш. Ҷ. – лаборант.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ

Дар ҷаласаҳои кафедра мунтазам фаъолияти илмии кафедра ва рушди он муҳокима ва баррасӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ҷаласаи кафедра, ки моҳи октябри соли 2015 баргузор гардид, қарор карда шуд, ки корҳои илмию тадқиқотии омӯзгорони кафедра оянда дар ду самт бурда шавад: 1. Омӯзиши таъсири ифлосшавии радиоактивӣ ба муҳити зист; 2. Баҳодиҳӣ ба ифлосшавии байнисарҳадии дарёи Сир бо металҳои вазнин.
Дар самти якум ва дуюм доктори илмҳои химия, профессор Юнусов М.М. ва доктори илмҳои техникӣ, профессор Розиқов З. А., кор мебаранд. Корҳои илмию-тадқиқотии онҳо асосан ба ҳалли муаммои паҳншавии ифлосшавии радиоактивӣ дар атмосфера,  баҳогузаронӣ ба таъсири объектҳои радиатсионӣ ба муҳити зист, ба аспектҳои экологии коркарди дуюмини партовҳои радиоактивӣ ва ифлосшавии ҳавзаи дарёи Сир бо металҳои вазнин бахшида шудааст.
Бояд қайд кард, ки аз вақти мавҷудият натиҷаи корҳои илмии кафедра дастрас буда, зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва тезисҳои баромадҳо дар маҷаллаи илмӣ ба чоп расида, устодони кафедра дар конференсияҳо, симпозиумҳои байналхалқӣ дар Олмон, Норвегия, Шветсия, Италия, Булғория, Фаронса, Словения ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ иштирок кардаанд.