ТАҶОВУЗИ НОХАЛАФ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҳанӯз ноябри соли 1998 бар асари ҳамлаи зархаридона ва ғаддори полковники хиёнаткор Маҳмуд Худойбердиев ба шаҳри Хуҷанд, нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун чунин навишта буд:

“ Касе агар аз сиёсат , аз расми давлатдориҳо дар масири таърих андак бохабар аст, пас нек медонад:мамлакетеро ки дар натиҷаи дасисаи душманонаш гирифтор ба ҷанги ҳамватанон гардида, баъд аз дарки ҳақиқат мехоҳад зудтар аз доми балоҳо наҷот ёбад, бе ҷавҳари солим ва ҳаётбахши мафкураи умумӣ миллат аз варта берун овардан, зиёда аз ин ба роҳи тараққиёти ҷаҳони муосир гузоштан сахт мушкилиҳо дорад.

Бале, инак дар Тоҷикистони худ ҷамъияти демократии ҳуқуқбунёд месозем. Ҷамъияте ки ҳоло як узви он дар зиндагӣ, дар интихоби касбу кор ва фаъолият озод буда, аз рӯи ҳаққу ҳуқуқаш метавонад дар мағз-мағзи вуҷуди худ ормонҳои покиза, умед ба фардои  сафед ва ҳисси беғаши ифтихори миллӣ парвариш диҳад. Таърих ва фарҳангашро , ки аз садсолаҳои то ба Милод оғоз гирифтаанд, азиз дошта, аз таҳти дил мехоҳад –имрӯз ҳам кишвараш дар ӣайни оламиён баэътибор бошад. Ва табиист –чунин зуҳуроти самарадор ба ин ё он қувваи ғаразноки чи дохилӣ ва чи хориҷӣ, ҳатто ба давлатҳои сарзаминаш қариб, аммо сиёсаташ ифротии печида ба таассуби миллӣ чандон хуш намеояд.”  (Роҳҳо ва оромонҳо…, Душанбе, “Адиб”, соли 2000, саҳ.5 )

 Баъди 20 соли иншои мақолаи мазкур ҳодисаи нангини ҳамлаи зархаридона такрор ёфт. Ин дафъа дар Хатлон бо дасти он ҷавононе ки ҳамсоли ҳамин мақола ҳастанд. Пас чунин бармеояд, ки ин террористони ҷавон ҳаргиз ба даст китоби бадеӣ нагирифтаанд ва шояд кӣ будани нависанда СатторТурсунро намешиносанд. Вагарна худшиносии миллӣ онҳо боло мегирифту ҳаргиз   даст ба таҷовузи нохалафоа намезаданд.

Осими Оқил, мудири кафедраи корҳои канданиҳои фоиданок

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

чордаҳ − 2 =