ПАСИ «ПАЙМОНИ МИЛЛАТ» КИ МЕИСТАД?

Ба масъалаҳои дар анӌумани Варшава муҳокимашаванда бо диққат назар меафканам. Муаммои  мубрами  рӯз  падидаи номатлуб, афзоиши ташкилотҳои терористиву экстремистӣ, ки таи солҳои охир  ҳамаи ҷаҳониёнро  ба  ташвиш оварда, аксар  кашварҳоро  муташанниҷ  карда истодааст. Соле чанд бо фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо низ амалҳои ваҳшиёнаи чунин гурӯҳҳои ифротӣ ба вуқўъ пайваст. Ин падида тамоми мардуми Тоҷикистонро ба таҳлука овард ва барои қатъномаи фаъолияти ТТЭ ҲНИ пайравӣ намуданд, зеро фаъолияти чунин як ташкилоти ифротӣ ба нафъи халқу миллат буда наметавонад. Имрўзҳо ҳар гуна амалҳои террористиву  экстремистиро  тариқи расонаҳои хабарӣ  мешунавем, ки  ин тамоми  мардумро  ба ваҳм меоварад, тарсу  ваҳшониятро дар  наҳоди мардум  ҳукмрон намуда, вазъи руҳонии эшонро табоҳ  намуда  истодаанд. Мушкилӣ  дар он аст, ки ба ин ҷанги  иттилоотии бемаънои  нотавонбинон ҷавонони  кишвари мо низ  ҳамроҳ шуда, ҳаёти  ҷавони худро  беамният  мегузаронд, ҳол он ки дар даврони  ҷавониашон эшон  бояд  илм омӯзанду  дар пешрафт ва  тараққиёти ин  сарзамин  саҳми  босазои хешро гузоранд.

Ҳамаи ин намоишоти характери терористӣ дошта кам набуд, ки имрўз ҲНИ ба танқиди навбатии беасос равона кардааст. Маълум, ки талошҳои Кабирӣ самар надодааст, ҳоло шогирдони «сухангўйу озодандешаш» дар мисоли Илҳом Ёқубов, замоне, ки сарварии ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буд, бо даъвои он ки дар миллати  мо барои озодандеши ҳуқуқ нест, ба сароидан даромадааст. Ин ҳам бо суханони дурўғу бемаъно. Охир ў дар мактаби ки сабақ омўхтааст, ба ҳама бараъло маълум аст.  Охир ў кист, худ як хиёнаткору ифротгар. Охир ў кист як нафаре, ки дар дохили кишвар, нону намаки ҳамин хокро хўрда истода, барои бар бод рафтани ин хоки муқаддас нақша кардааст. Ў ва намояндагони терористу экстремистанд ва ба қавле аз гуфтаи гузаштагон, агар некӣ карда  морро дар остинат ҷой кунӣ, вақти ба озоди баромадан дастатро мегазад. Маълум гардид, ки мо низ барои мор дар остини хеш ҷой дода будем.

Муаммои асоси дар ин суханони дурўгу бемавриди «сухандони барҷаста» Илҳом Ёқубов нест, зеро ў бо чунин суханонаш маъюсии худро нишон дод, ки дигар чора наёфта, пушти ҳамин мавзўи ба журналистон марбутро гирифтааст. Муаммои асосӣ дар он аст, ки чунин террористон  дар зеҳни  мардум  то метавананд ба маънои  ислом  ҳар гуна  ақидаҳои  экстремистиро ҷой дода, онхоро  алайҳи  якдигар  таҳрик  менамоянд ва иғво меандозанд, билохира аз як  манотиқи тинҷу ором ҳеҷ осоре ба ҷуз харобазору  қатли  ваҳшиёна дигар чизе боқӣ  намемонад. Ҳоло хулоса  мекунем, ки дар кадоме аз ин  аъмол нишонаи ислому  мусалмонӣ ниҳон аст, дар  тарконидани масҷиду ибодатгоҳ ё дар  куштори модарону фарзандони бегуноҳ. Албатта, ки имрӯз  терористон дар ниқоби  ислом  тарғиботи иртиҷоии хешро  адо  мекунанду ҷавонони  аз дини пок  бехабарро  гумроҳ  ва фирефтаи ваъдаҳои  бевафоёнаи худ мегардонанд.

Гуфтан айни  муддаост, ки баробари  дигар  тараққиёту  пешрафт, таассуб низ ақибнишинӣ  накарда,  пеш меравад ва  тафаккури  мардумро то ба дараҷае заиф  гардонидааст, ки  ҳатто  ба исломи  гуфтаи хоҷагони ифротгаро эътиқод  доранду ба қавле таассуб мекунанд, бегонапарастӣ  нисбати  фарҳанги  миллат, тақлид  ба либосҳои  мамлакатҳои  аврупову Эрону Афғон, миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ  чодарпӯш набуд, ки имрӯз  қабиле аз  занону духтарони мо худро бо чодару либоси сиёҳ, ки нишонаи мотам аст,  ба бар намудаанд, гӯё ба ин васила имони худро ба дигарон намоиш медиҳанд ва хешро фидоии ислом меҳисобанд. Билохира имонро аз таассуб ҷудо карда наметавонанд. Имон доштану ибодат кардан ба хотири худ аст, на ба хотири намоиш.

Ақидае, ки имрӯз тарафи мухолифин мегӯяд давлатро исломӣ мегардонанд хеҷ гоҳ нахоҳад шуд, зеро мардуми имрӯза ба мисли халқи солҳои 80-90-ум нест, ки пушти ин суханҳои бардурӯғу хислати экстремистӣ доштаро гирифта, ин мамлакати биҳиштосоро ба тороҷу яғмо бубарад. Моро мебояд, ки ба қадри озодӣ дар зиндагӣ, ҳаёти ширин дар бари ёру фарзанд, хоби осуда, табассум дар лабони кӯдакони маъсум ва қабл аз ҳама хонаи ободу тани саломати хеш бирасем. Шукронаи ин давлату миллати боамн кунем, дар ҳар нафаси худ бояд шукрона кунем, то ин ки дар нафасҳои минбаъда низ Худованд хайри моро бидиҳаду давлат ва ҷомеаро боз ҳам оромтару тинҷтар гардонад. 

Моро лозим аст, ки ҳар чи бештар дарк намоем, ки Паймони миллат ин ҳамон ТТЭ ХНи асту Кабири раҳбараш ва кӯр асояшро як бор гумм мекунад.

Зариф Тошматов,  устоди кафедраи фанҳои иӌтимоии ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

шонздаҳ − 9 =