Мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо раиси Иттифоқи “Тоҷикметалл”

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ раиси Иттифоқи “Тоҷикметалл” Абдулло Хоҷаевро ба ҳузур пазируфта бо ӯ роҷеъ ба масоили корӣ мулоқот кард. 

Дар рафти суҳбат масоили ҳамкории дуҷониба, баргузории чорабиниҳои махсус барои аъзоёни Иттифоқи касаба баррасӣ карда шуд. 

Дар мулоқоти имрӯза раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи донишкада Давлатзода Давлат низ ширкат дошт ва назари хешро оид ба ҳамкории минбаъда иброз дошт.