МАРҲИЛАИ НАВИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДКМТ

Имрӯз тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ кормандону омӯзгорони донишкада ҷиҳати ободу зебо гардонидани атрофи донишкада, нишастгоҳу курсиҳои нишаст, гулкории гулгаштҳо ҳамагӣ ба майдон баромада, саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
Барои бо гулҳои зебову ороишӣ зеб додани гулгаштҳои саҳни донишкада декани факултети электромеханика Қозиев Камолиддин 500 дона гул, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон 500 дона гул, декани факултаи корҳои кӯҳӣ Самадова Гули 200 дона гул ва сардори раёсати кадрҳо Мӯминова Дилором 300 дона гул харидорӣ намуда, ба донишкада оварданд.
Ҳамчунин, деканони се факултет ранг харидорӣ намуда, тамоми курсиҳои нишаст ва қуттиҳои партовпартоиро аз сари нав ороиш доданд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз баромадан ба рухсатии меҳнатӣ тамоми омӯзгорону кормандон синфхонаҳо ва утоқи кориро пурра таъмир намуда, ба соли хониши нав омода менамоянд.