«МАНҚУРТҲО». АЗ ТАХАЙЮЛ ТО ВОҚЕИЯТ БАЪД АЗ ЧИҲИЛ СОЛ: АНДЕШАҲОИ ШОРЕҲИ АМИТ «ХОВАР»

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Филми мустанади 20-дақиқагии «Манқуртҳо», ки чанде пеш аз ҷониби КДАМ омода ва шоми 31 июл тариқи шабакаи телевизионии «Тоҷикистон»  пахш гардид, дар хусуси боздошти 14 нафар ҷавони тоҷик қисса мекунад, ки дар лагерҳои террористону экстремистони ДОИШ* ва ТТЭ ҲНИ* дар Афғонистон тамрин ёфта, ният доштанд дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир намоянд. «Пас аз чил соли офарида шудани  романи «Дуроҳаи бӯронӣ» филми мазкур  воқеияти образи хаёлии  нависандаи барҷаста Чингиз Айтматовро собит намуд», — навиштааст шореҳи АМИТ «Ховар».

Вақте нависандаи машҳури қирғиз Чингиз Айтматов романи оламшумули худ «Дуроҳаи бӯронӣ, ё рӯзе, ки аз қарн ҳам дарозтар аст»-ро  навишт, образи офаридаи ӯ «манқурт» барои хонанда нав ва  ноошно буд  ва  ғайриҳақиқӣ ва  фарсахҳо дур аз воқеият менамуд.

Чил сол пеш, соли 1980, замоне ки романи Чингиз Айтматов ва «манқурт»-и офаридаи ӯ ба дасти чоп расид, дар тасаввури хонанда намегунҷид, ки чӣ тавр як инсонро метавонад то ҳадде аз худ бегона кард, яъне  манқурт кард, ки модари худро нашиносад. Зиёда аз ин, модареро, ки ӯро парварда аст, ба қатл расонад: манқурти офаридаи Айтматов дар асар ба ҷигари модари худ – Найманона, бо супориши хӯҷаинаш тир зада, аз ҳаёт маҳрум мекунад. Муаллиф навишта буд: «Барои инсон аз ҳама душвор инсон мондан аст».

Пас аз мутолиаи ин роман, махсусан саҳнаи қатли модар аз дасти фарзанд, хонандаи он замон ба даҳшат меафтод ва гумон мекард, ки «манқурт» ва «манқуртизм» моли таърих аст.

Ҳеҷ кас гумон надошт, ки пас аз чанд соли нашри ин роман «манқурт»-ҳои муосир дар симои қотилони ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистии ба ном исломӣ пайдо шуда, оламро ба даҳшат меоранд.

Дар наворе, ки соли гузашта дар Сурия сабт шудаву паҳн гардида буд, узви ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ»* модари худро  дар пеши чашми хоҷагонаш, бо як бераҳмии махсус ба қатл расонд. Ӯ гӯё қаҳрамоние содир карда бошад, намоишкорона ба ҳама мегуфт, ки барои иҷрои «рисолат»-аш ҳатто модараш наметавонад пеши роҳи ӯро гирад. Ин саҳна тамоми ҷаҳонро ба даҳшат афканд. Одамон то ҳол наметавонанд дарк кунанд, ки чӣ гуна бо гузашти ду аср писари «манқурт» модари худро, ки барои аз роҳи хато баргардонидани ӯ рафта буд, ваҳшиёна ба қатл мерасонад.

Дар асари Айтматов одамонро асир гирифта, ба саҳрои гарм мебурданд ва сарашонро тарошида, ба он пусти уштур мекашиданд. Яъне, он замон одамонро маҷбуран манқурт мекарданд ва агар заррае имконияти гурез мебуд, асир фирор мекард ва ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худ манқурт намешуд. Аммо террористони гурӯҳҳои ифротгарое, ки имрӯз ба қатлу куштор машғуланд,  ҷавонони дур аз мактабу маориф ва илму маърифатро на танҳо ҷисман, балки маънаван ва бо истифода аз номи Исломи ноб манқурт мекунанд. Арзишҳои муқаррарии инсонӣ — меҳру муҳаббат, раҳму шафқат, дӯстиву садоқатро аз хотираи онҳо пок карда, ба ҷойи он ҷаҳолат ва кушторро ҷой менамоянд.

Куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби ҷинояткорон ва аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ дар Себистони Данғара бори дигар исбот намуд, ки аз ҳисоби наврасону ҷавонони навхати тоҷик «манқурт» сохта мешавад. Ҷавони 19-21-солаеро, ки нафари бегуноҳро танҳо бо супориши хоҷаи дар хориҷа қарордоштааш ваҳшиёна ба қатл мерасонад, ба маъное, ки Айтматов ифода карда буд, танҳо манқурт метавон номид. Ҳарчанд ки ин манқуртҳо на модари худ, балки хориҷиёнро ба қатл расониданд, аммо дар асл зиндагии падару модари худро барҳам заданд, онҳоро «зинда ба гӯр» карданд. Зеро ин қотилон манқуртанд ва падару модар барои онҳо арзиш надорад. Онҳо қотилони идорашаванда ҳастанд, ки бо гирифтани фармони хӯҷаини худ, қодиранд ҳар нафарро ба қатл расонанд. Ҳарчанд баъзеҳо онҳоро ба мурдаҳо баробар мекунанд, аммо «мурдагони хатарноканд» ва  бояд ҷомеаро аз онҳо пок кард. Ҳар як амали онҳо хатарнок аст, зеро онҳо ба зарфи пур аз сӯзишворӣ монанданд, ки ҳар лаҳза метавонад таркад ва харобӣ орад.

Аз ҳама ташвишовар ин аст, ки агар манқурти Айтматов маҳсули тахайюлоти ӯ ва нафари танҳо буд, пас манқуртҳои муосир воқеӣ ва гурӯҳ – гурӯҳанд. Аксари онҳо ҷавононанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудаанд. Ин мақсади нопоки онҳо сари вақт ошкор ва пешгирӣ карда шуд.

Ин ҷавонон аз ҷиҳати маънавӣ ғуломи гурӯҳҳои террористӣ шудаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ монда, «манқуртсозӣ»-ро бештар кардаанд.

Савол ба миён меояд: оё ин охири кор аст? Ин манқуртҳо ба сари мори чандсара шабоҳат доранд, ки бо нест кардани якеи он  ба ҷояш сари дигараш месабзад. Бояд решаи вуҷуди  онро пайдо ва нобуд кард, то дигар насабзад…

Ҷасур АБДУЛЛО, АМИТ «Ховар»

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

чор × 2 =