Шуъбаи аспирантура ва магистратураи Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон

Мудири шуъбаи аспирантура ва магистратура

Валиева Мастура Набихоновна

mastura.valiyeva@mail.ru

 

Шуъбаи аспирантура ва магистратура яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии донишкада маҳсуб ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва дар роҳи ноил гардидан ба тақвими пойгоҳи илм аз ҳисоби мутахассисони дохил ва берун аз донишкада фаъолият менамояд.

Ҳадафи асосии шуъбаи аспирантура ва магистратура ин интихоби мавзуъҳои актуалӣ ва проблемавӣ  барои муҳаққиқони ҷавон буда, бо ин васила зиёд кардани сафи олимони донишкадаро аз ҳисоби ҷалби мутахассисон ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони илмӣ тавассути аспирантура, унвонҷўӣ ва докторантура (аз рӯи ихтисос PhD) ҳадафи худ қарор додааст.

 

1) Тайёр намудани  кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи аспирантура

Шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон тибқи фармоиши Вазири Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.10.2013с. №2615 ба Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон барои ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимии аспирантура аз рӯи ихтисосҳои:

02.00.04.- «Химияи физикавӣ»,

05.16.01.- «Металлшиносӣ ва коркарди ҳароратии металлҳо»,

05.16.02.- «Металлургияи металлҳои сиёҳ, ранга ва нодир»,

05.16.07.- «Металлургияи захираҳои техногенӣ ва коркарди маротиби дуюм»,

08.00.05.- «Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ аз рӯи соҳаҳо ва самтҳои фаъолият, аз ҷумла: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (саноат), иқтисодиёти истифодабарии табиат, илмҳои иқтисодӣ»,

25.00.22.- «Геотехнология (корҳои зеризаминӣ, корҳои кушоди куҳӣ ва сохтмонӣ»,

25.00.13.- «Бойгардонии канданиҳои фоиданок»,

05.14.00.-«Энергетика»

05.01.01.-«Геометрияи муҳандисӣ ва графикаи компутерӣ»

ба муҳлати дар иҷозатномаи АУ №0000969 зикр гардида, иҷозат дода шуд.

Соли таҳсили 2018- 2019 дар фаъолияти олимони ҷавон ва аспирантону унвонҷӯён натиҷаҳои пешравӣ дар ҷодаи илмӣ – тадқиқотӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла аспиранти донишкада Ҳоҷибоев Далерҷон Дадоевич рисолаи илмии хешро таҳти унвони «Асосҳои физикавӣ – химиявии мигратсияи металлҳои вазнин дар Сирдарё» дар шӯрои диссертатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 – уми марти соли 2019 дифоъ намуд.

Ҳамчунин, унвонҷӯи кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов В.М. рисолаи номзадиро таҳти унвони «Организационно – экономические механизмы инновационного развития информационных услуг (на примере Республики Таджикистан)» пурра ба итмом расонида санаи 08.06. 2019с. дифоъ хоҳад кард.

Тибқи нақшаҳои ҷорӣ ва дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар донишкада масъалаи ташкил ва назорати раванди фаъолияти аспирантону унвонҷўён, иҷрои нақшаҳои илмию инфиродӣ, тасдиқи мавзўъҳои рисолаҳои номзадӣ, роҳбарии илмӣ, ташкилу назорати дарсҳо ва минимумҳои номзадӣ, самарабахшии раванди сафарҳои илмӣ, рухсатиҳои эҷодӣ ва ҳамсоли инҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарият ва масъулини донишкада қарор дода шудаанд.

Дар шуъбаи аспирантура ва магистратура айни замон 8 нафар аспиранти шуъбаи рўзона ва 5 нафар аспиранти шуъбаи ғоибона ва 8 нафар унвонҷӯён таҳсил таҳсил карда истодаанд.

Ҳолати ҳуҷҷатгузории аспирантон ва унвонҷўён мувофиқи меъёри талаботи Комиссияи олии аттестатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Аспирантону унвонҷўён пайваста аз натиҷаҳои илмии хеш дар семинарҳои илмӣ ва конференсияҳо баромад менамоянд.

Дар соли ҷори аз тарафи аспирантон 15 мақола дар маҷалаҳои Ҷумҳурияви ба чоп баромад.

Дар шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкада унвонҷўёни донишкада ва донишгоҳҳои миқёси вилоят низ шомиланд, ки бо ариза ва иҷозати ректори донишкада ба дарсҳо иштирок намоянд ва имтиҳони минимуми номзадӣ супоранд.

Қисми илм ва аспирантураи донишкада тибқи қарори ҷаласаи назди ректори донишкада бо мақсади аниқ намудани вазъи омодасозии кадрҳои илмӣ дар факултетҳо оид ба ҳар як аспиранту унвонҷӯ ба таври инфиродӣ санҷиш ба роҳ мондаанд.

2) Тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи магистратура

Дар Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар асоси фармоиш ва тибқи Иҷозатномаи дар боло зикргардида, фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти магистратура аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

Ихтисоси 43010301 – Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ;

Ихтисоси 510201 – Коркарди конҳои канданиҳои фоиданок;

Ихтисоси 42010101 – 04 – Металлургия металлҳои ранга;

Ихтисоси 360101- Технологияи мошинсозӣ;

Ихтисоси 510202- Коркард ва истифодабарии конҳои нафту газ.

Шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкада бо корхонаҳои саноатӣ ҳамкорӣ намуда, барои гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар доираи корҳои илмӣ ва таҷрибаомӯзии магистрантон иҷозат гирифтаанд.

Аз ҷониби магистрантони хатмкунанда мақолаҳои илмӣ ба тавсиб расида, онҳо дар конференсияҳои илмӣ – амалӣ иштирок менамоянд.

 

Рафти машғулияти амалии магистрантон

Рафти таҷрибаомӯзии магистрантон

 

Хатми магистрантон

 

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА МАГИСТРАТУРА ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:

– ариза ба номи ректори ДКМТ бо нишон додани ихтисос;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи дипломи бакалавр;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– Хислатнома;

– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар

 ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо

 тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

– маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;

– 6 расми андозаи 3х4.

 

3) Тайёр намудани  кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ тариқи   докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)

Дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон  дар асоси  фармоиш ва Иҷозатномаи АУ № 0002202 аз 01.09.2018с. фаъолияти таълимии зинаи таҳсилоти   докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла,

 6D091100 – Геоэкология ва идоракунии истифодабари табиат;

 6D070700 – Кӯҳкорӣ;

 6D070900 –  Металлургия;

 6D090900 – Логистикаи соҳа.

Алҳол дар донишкада 12 нафар дар докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) таҳсил карда истодаанд.

Ҷиҳати мутамарказонидани нерўҳои зерин дар раванди корҳои пажўиш аз рӯи муаммоҳои мазкур дар донишкада муттасил чораҳои мушаххас андешида шуда, раёсати донишкада кўшиш дорад, ки сафи олимони донишкада, аз ҳисоби ҷалби мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвони илм тавассути докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) зиёд намояд. Дар ин самт нақши шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкада хеле назаррас мебошад.

Густариши раванди илм мунтазам зери назорати раёсати донишкада буда, дар  ҷодаи навиштани рисолаҳои илмӣ ба олимони ҷавон шароити мусоид фароҳам  оварда, дастуру супоришҳои  Мақомотҳои волоиро дар ин самт ҷонибдорӣ менамояд ва ҳамкориро бо   олимону мутахассисони соҳавӣ, Академияҳову Пажӯҳишгоҳҳо вусъат медиҳад.

 

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ДОХИЛШАВӢ БА ДОКТОРАНТУРА АЗ РӮИ ИХТИСОС ПЕШНИҲОД МЕШАВАНД:

 

– ариза ба номи ректори ДКМТ бо нишон додани ихтисос;

– нусхаи шиноснома;

– анкетаи дохилшаванда ба докторантура;

– нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва  

баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ  

карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);

– сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ,

дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра);

– мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);

– рӯйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар

ҳолати надоштан пешниҳод намудани реферат аз рӯи ихтисос бо

тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);

– асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии банақшагирифташуда дар

мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости

муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);

– маълумотномаи тиббӣ шакли 086-У;

– 6 расми андозаи 3х4.

 

Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дараҷаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. 

Имтиҳон аз рӯи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи магистратура) дар шакли хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.