Коршиносони тоҷик: «Паймони миллӣ – ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки номашро иваз кардааст»

ДУШАНБЕ, 14.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони  САҲА ташкилоти экстремистию террористии  «Ҳизби наҳзати исломӣ» дар бораи таъсиси ба ном Паймони миллӣ хабар паҳн намуд. ТТЭ ҲНИ дар ҳоле аз ташкили Паймони миллӣ хабар медиҳад, ки қаблан кӯшиши ташкили Иттиҳоди неруҳои созандаи Тоҷикистон барбод рафтаву номуваффақ шуда буд. Неруҳое, ки наҳзат мехоҳад онҳоро сарҷамъ намояд, ё намехоҳанд бо ТТЭ ҲНИ иттиҳод кунанд ё аслан вуҷуд надоранд. Аз ин сабаб, ҳеҷ як иттиҳод ташкил нашуд. Чунин ибрози назар намуданд донишмандон ва коршиносон дар суҳбат  бо хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Нуралӣ Солеҳовректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия иброз медорад, ки ҳизби наҳзат бо ҳар номе, ки иттиҳод ташкил намояд, муваффақ нахоҳад шуд. Зеро онҳо ҳеҷ барнома надоранд. Танҳо номашонро иваз мекунанду гӯё иттиҳоди нав ташкил менамоянд. Дар асл ҳамонҳое ҳастанд, ки қаблан буданд: «Солҳои 1990 шояд касе ба инҳо бовар мекард, аммо имрӯз ҳеҷ кас ба иттиҳоду шиорҳои наҳзат бовар намекунад. Зеро онҳо диданд, ки наҳзат чӣ гуна корҳои зиштро анҷом дод. Ғояи наҳзат ғаразнок ва ифротӣ аст».

Ба андешаи Нуралӣ Солеҳов, ин иттиҳоде, ки гӯё бо номи Паймони миллӣ ташкил кардаанд, аслан вуҷуд надорад ва ҳеҷ таъсире ба равандҳои сиёсии Тоҷикистон расонида наметавонад. Зеро ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз бедор шудаву ҳар фитнаву ғарази наҳзатиҳоро дарк мекунад ва қабул надорад.

«Дар Аврупо ҳам хуб медонанд, ки ташкилкунандагони Паймони миллӣ ҳамон наҳзатиҳо ҳастанд ва танҳо номашонро иваз кардаанд. Онҳо низ наҳзатиҳоро ҷиддӣ қабул намекунанд ва ҷонибдорӣ наменамоянд», -иброз медорад Нуралӣ Солеҳов.

Сайфуллои МУЛЛОҶОН, доктори илмҳои таърих чунин арз дошт:  “Ба касофати ҳамин наҳзатиҳо соли 1992   воқеан пора — пора шудани Тоҷикистон  ба мо таҳдид мекард.    Яъне, як гуруҳи ношуди шаҳрвандони Тоҷикистон бо пуштибонии дигар давлатҳо нияту мақсадҳои нопок доштанд.  Маҳз он  вақт масъалаи  ҳимояи марзу буми Ватан, нигоҳ  доштани Истиқлолият ва давлату миллат, пос доштани арзишҳои миллии мо  пеш омад. Ва  нақши Пешвои миллат дар ин замина бисёр арзишманд аст ва баъди  ба сари қудрат омадани он кас Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилӣ раҳида, тамоми институтҳои давлатдорӣ дубора поягузорӣ карда шуданд…”.

Декани факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии  Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Хуҷанд, номзади илмҳои сиёсӣ  Мунира АКМАЛОВА, ки дар мавзӯи раванди ба даст омадани истиқлолияти сиёсӣ ва рушди он  дар Тоҷикистон тадқиқоти илмӣ мебарад, ташкили паймон аз ҷониби ТТЭ ҲНИ-ро назарфиребӣ арзёбӣ карда, онро бозии навбатии наҳзатиҳо   номид.

“Онҳое, ки дар берун аз Тоҷикистон қарор доранду рушду пешравии Тоҷикистонро дида наметавонанд, ба ташкили ҳар гуна иттиҳоду паймон даст мезананд. Онҳо бо маслиҳати хоҷагони хориҷии худ Паймони миллӣ ташкил кардаанд, ки аслан ин танҳо номивазкунӣ асту халос. Дар асл ҳеҷ гуна паймон вуҷуд надорад ва инро на фақат мардуми Тоҷикистон, балки сиёсатмадорону сиёсатшиносони аврупоӣ ҳам хуб дарк мекунанд. ТТЭ ҲНИ мехоҳад бо иваз кардани номи ташкилоти худ ва эълони  созмон додани ҳар гуна паймону иттиҳод аъмоли сиёҳи худро пинҳон намояд ва мавқеъ ёбад. Аммо ин ғайриимкон аст, чун мардуми тоҷик аз воқеият огоҳ аст, амалҳои ҷинояткоронаву ғаразҳои сиёҳи наҳзатиҳоро то ҳол хуб дар хотир дорад ва фаромӯш накардааст…».

Мунира Акмалова таъкид мекунад, ки ТТЭ ҲНИ ба чашми ҳама, аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ хок пошиданӣ аст, ки гӯё онҳо неруҳои мухолифи созанда ҳастанд, аммо ин ғайриимкон аст: «Бо ҳар номе, ки иттиҳоду созмон ташкил кунанд, касе бовар намекунад, чун ҳама медонад, ки ин наҳзат аст. Мақсади онҳо барҳам задани сулҳу субот дар Тоҷикистон ва ба даст овардани пулу сарват ва мансабу мақом аст. Дигар ҳеҷ чиз. Дар қатори дигар сокинони Ватани азизамон ва зиёиёни миллат ман ҳам ин амалу рафтори наҳзатиҳоро маҳкум мекунам».

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

ҳаждаҳ − чордаҳ =