ИЗХОРОТИ КАФЕДРАИ ФАНХОИ УМУМИТЕХНИКИ: ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР

Дар такя ба таҳлилҳо аниқ намудем ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷ аз кишвар бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд ба сохти конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол рахна ворид намуда, кишварро дигарбора ба ҷанг кашида, ақидаҳои нопоки худро ба сари мардум таҳмил намоянд.

Ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ  хуб огоҳанд, ки  ин наҳзатиҳо на ба хотири фаъолияти сиёсӣ, балки маҳз барои даст доштан дар ҷиноятҳои террористию экстремистӣ аз тарафи ҷомеаи маданию фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон маҳкум гардида буданд.

Аҳолии Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки мақсади нафарони дар атрофи Кабирӣ  ҷамъшуда танҳо ба хотири ба даст овардани сармоя мебошад.   Шармсор гаштани Кабирӣ ва пайравонаш дар ҷаласаи навбатии САҲА гувоҳи он аст, ки ӯ дар ягон маснад садрнишин нахоҳад шуд.

Омузгорони кафедраи фанхои умумитехники  бо шукргузорӣ аз Ватани ободу озод амали нангини ин ватанфурӯшони наҳзатиро маҳкум намуда, намегузоранд онҳо аз нав ба сулҳу ваҳдати миллии мо, ки бо баҳои ҷони ҳазорон мардони ватанпарвар ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, рахна ворид кунанд

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

даҳ − як =