Баргузории шанбегии умумӣ дар донишкада

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо супориши роҳбарияти донишкада шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар шанбегии умумӣ тамоми кормандону омӯзгорон фаъолона ширкат намуда, ба тозаву пок намудани боғот ва сипас дар гулшинонӣ саҳм гузоштанд.

Тибқи дастури профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ тамоми атрофи муассиса бо гулҳои ороишӣ оро дода шуд. 

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаест дар шаҳри Бӯстон, ки бо гулҳои зиёди ороишӣ ба зебогии шаҳр ҳусн зам менамояд.