АШКИ ШОДИИ САЙЁҲИ ХОРИҶӢ ВА ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ Ӯ АЗ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 8-уми августи соли 2018, дар кӯчаи Рӯдакӣ-Теҳрони шаҳри Душанбе шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Матю Пушел, ки бо ҳамроҳии оилааш ва кӯдаки хурдсолаш бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, дар дохили автомашинаи сабукрави таксӣ, тамғаи «ДЭУ-ЛАНОС», рақами қайди давлатиаш 5027 ЕМ 01 РТ, таҳти идораи ронанда Изатуллоев Муҳаммад ҳамён ва ҳуҷҷатҳои худро фаромӯш мекунад.

Номбурда дар кӯчаи марказӣ ба чор тараф давида, чи кор кардани худро намедонад. Дар ин вақт автомашинаи «Полиси сайёҳӣ»-и Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилиро дида, ба онҳо муроҷиат карда, асли воқеаро мефаҳмонад.

Кормандони шуъбачаи сайёҳӣ онҳоро фавран ба Маркази «Шаҳри бехатар» оварда, автомашинаи таксиро пайдо намуда, дар муддати кӯтоҳ ҳамён ва ҳуҷҷатҳои ӯро бар мегардонанд.

Чӣ тавре, ки Матю Пушел дар сӯҳбат бо мо изҳор дошт: «Ин хатогии худам буд, ки ҳамён ва ҳуҷҷатҳоямро дар таксӣ фаромӯш кардам ва ҳеҷ боварӣ надоштам, ки онҳоро меёбам. Вале бо кӯмаку дастгирии кормандони полиси сайёҳӣ онҳоро дар дар муддати 20 дақиқа ёфтам. Бовар мекунед, вақте ки онҳоро ба ман баргардониданд ман аз хурсандӣ ашк рехтам, чунки гум кардани онҳо барои ман як ҳодисаи ногаҳонӣ буд, зеро ман бо аҳли оилаам пагоҳ бояд ба Амрико баргардем. Мо барои сафар чипта харида, омодагӣ мегирифтем».

Сипас, сайёҳи хориҷӣ Матю Пушел изҳор намуд, ки ин маротибаи дуюм аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамошо меояд ва таассуроти худро чунин нақл кард: «Ман ба шаҳрҳои Исфара, Бохтар, Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон бо мақсади сайёҳӣ сафар намуда, аз меҳмоннавозӣ, обу ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон лаззат бурдам ва ба ваҷд омадам. Мардуми тоҷик бисёр мардуми хубу бофарҳанг ва меҳмоннавоз ҳастанд ва ман дар бораи онҳо, сулҳу субот, тинҷию амонӣ ва табиати дилпазири Тоҷикистон ҳатман ба ҳамватанон ва ёру дӯстонам нақл мекунам.

Ман аз таъсис ёфтани политсияи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бисёр хурсанд шудам ва дар таҷрибаи худ дидам, ки онҳо ба кӯмаки шаҳрвандони хориҷӣ фавран расидагӣ намуда, мушкилоти онҳоро ҳал мекунанд. Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ барои таъсис додани полиси сайёҳӣ изҳори миннатдорӣ менамоям». Дар навбати худ ҳамсараш низ суханони ӯро тақвият дода, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони милитсия изҳори миннатдорӣ намуд.

Мавриди қайд аст, ки шуъбачаи сайёҳии милитсия бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти корҳои дохилӣ нав таъсис ёфта, дар назди Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият менамояд. Кормандони шуъбачаи мазкур бо якчанд забони хориҷӣ озодона муошират намуда, мутахассиси соҳаи худ мебошанд.

Вазифаҳои онҳо аз ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амният, роҳбаладии сайёҳони хориҷӣ, додани маълумоти зарурӣ ба онҳо, кӯмак расонидан ва ҳифз намудани манфиати сайёҳон, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо ва содир гардидани ҷиноят нисбати сайёҳон иборат аст.

Ҳамчунин агар лозим шавад бо хоҳиши сайёҳон кормандони шуъбачаи сайёҳӣ роҳбаладии сайёҳонро то ҷои лозима дар дохили кишвар анҷом дода, амнияти онҳоро таъмин менамоянд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

13 + 19 =