Аз ҷараёни имтиҳони давлатӣ дар кафедраи геология ва корҳои нафту газ

Имрӯз як гурӯҳ хатмкунандагони ихтисоси геология имтиҳонҳои давлатиро қабл аз мӯҳлат супорида ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ олими ҷавон Мирбобоев Шӯҳратҷон иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки аз санаи 1-уми май тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ имииҳонҳои давлатӣ қабл аз мӯҳлат барои хатмкунандагон оғоз гардид ва аллакай зиёда аз 40 нафар хатмкунандагони донишкада имтиҳони давлатиро супориданд.