Бахши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ

Холиқов Абдуғаффор Масодиқович

Муҳандиси пешбар оид ба муҳофизати меҳнат

 

Бахши ҳифзи меҳнат

Асосан ин бахш барои дастурамалдиҳии муҳандисон ва ҳамаи кормандоне, ки бо таҷҳизот ва маҳлулҳои зарарнок кор мекунанд робита дошта, ҳамарӯза ба кормандон ва шахсони масъул дастурамал оид ба сухтор, кор бо маҳлулҳои зарарнок, тарзи ҷобаҷогузории партовҳо ва дар ҳолати санитарию эпидемологӣ ва экологӣ нигоҳ доштан мебошад.

Бахши мазкур дар ьамкорц бо дигар кормандони ШКХМ Донишкадаи кӯҳию-металлургии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳудуди биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишкада тибқи нақшаи чорабиниҳои ба расмият дароварда шуда чорабиниҳои мақсаднок пешбинӣ ва баҳри амалӣ намудани онҳо дар давраи 3-моҳи соли 2025 чораҳои дахлдор андешидааст.

Бо мақсади таъмин намудани роҳ барои нақлиёти оташнишонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, монеаҳои дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти оташнишонӣ ҷойдошта бартараф карда шуданд.

Баҳри бо об таъминкунии ҷумакҳои дохилии оташнишонӣ ва дар ҳолати коршоямӣ қарор додани онҳо чораҳои зарурӣ андешида, дар моҳҳои май ва июли соли 2025 санҷиши рӯдаҳои обравҳо бо роҳи гузаронидани обдиҳӣ ба роҳ монда шуда, аз натиҷаҳои санҷиш санадҳо тартиб дода шуданд, ки ҷумакҳои дохилии оташнишонӣ ва рӯдаҳои обравҳо ба талабот ҷавобгу мебошад.

Баҳри бо таҷҳизотҳои автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда таъмин намудани биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишкада тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, харҷнома ба расмият даровардашуда, ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо ХДО ш.Бӯстон  бо иштироки ширкати дахлдор тибқи нақшаи чорабиниҳо барои дар мӯҳлати муқарраршуда бо маҳлули кимиёвии аз оташ муҳофизаткунанда коркард намудани масолеҳҳо чӯбини болопӯши биноҳо бо  пурраги аз  коркарди кимяви гузаштанд.

Дар ҳудуди донишкада 22 адад сипарҳои оташнишонӣ бо олотҳои аввалиндараҷа ҷойгир карда шуда, биноҳои асосии таълимӣ, бинои таълимии №2 ва хобгоҳҳои донишкада тибқи талаботи меъёрҳо бо асбобу олотьо таъмин буда, 106 адад оташхомӯшкунакҳои дар истифода қарор дошта мавриди таъмир ва бо маҳлулҳои зарурӣ аз нав пур карда шуданд.

Дар ҳар як ошёнаи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишкада тибқи меъёрҳои пешбинигардида оташхомӯшкунакҳои тамщаи ОП-5 гузошта шудаанд.

Дар ҳуҷраҳои нигоҳдории шабакаҳои барқ ва сипарҳои барқӣ қолинҳои резинии зерипоӣ гузошта шудаанд.

Ҳезум, ангишт ва ангиштҳои сӯхташуда дар ҷойҳои алоҳидаи бехавф ҷойгир карда шудааст.

Нақшаи таҳлиявии кормандон дар вақти сар задани сӯхтор ва ҳолатҳои фавқуллода дар ҳар ошёнаҳои биноҳо дар алоҳидагӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Ректори донишкада тасдиқ карда шуда, дар ҳамаи ошёнаҳои биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо дар ҷойҳои намоён гузошта шуда бо ХДО Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суҳд мувофиқа карда шудааст.

Истифодабарии асбобҳои гармидиҳандаи барқии шакли кушода, розеткаҳои барқии носоз, ноқилҳои муваққатӣ ва муҳофизаткунакҳои худсохти барқии (ғайристандартӣ) қатъиян манъ карда шуда, дар ин самт ҳамарӯза дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишкада санҷишҳо гузаронидашуда, барои сари вақт бартараф намудани камбудиҳои ошкоркардашуда тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Тибқи шартнома аз ҷониби Раёсати давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика озмоиши техникии дастгоҳҳо, таҷҳизотҳои барқӣ, санҷиши оиқи ноқилу кабелҳо ва андозагирии муқовимати ҳалқаи заминваслаи донишкада гузаронида шуданд.

Кашидани тамоку дар ҳуҷраҳои корӣ, роҳрав, зинапояҳо ва дигар ҷойҳои муқаррарнагардида қатъиян манъ карда шудаанд.

Роҳҳои асосӣ ва таҳлиявӣ дар ҳолати озод ва дарҳои зинапояҳо дар ҳолати зуд кушодашаванда қарор дода шудааст.

Тибқи талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 726 аз 07.12.1995 сол дар асоси Фармоиши Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти № 359 аз 19.03.2022 гурӯҳҳои ихтиёрии зиддисӯхтории донишкада ташкил карда шуда, баҳри дар асоси низомнома ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳо чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Бино, утоқҳои корӣ, синфхонаҳо, ошхона, хобгоҳҳо ва толорҳо бо нишонаҳо ва аломатҳои бехатарӣ аз сӯхтор тибқи талаботҳои ГОСТ-12.4026-76 таъмин карда шудаанд.

Шахсони масъул доир ба таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳар як бино дар асоси фармоиши Ректори донишкада  № 33 аз 04.09.2024 сол таъин карда шудааст.

Дафтари бақайдгирии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамаи кафедраҳо ташкил карда шуда, имзои кормандон гирифта шудааст.

Бо мақсади омодагӣ ба соли нави таҳсил аз ҷониби гурӯҳи кории таъсисдодашуда ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор  дар ҳамаи утоқҳои корӣ ва озмоишгоҳҳо мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба масъулин баҳри бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас омода ва бо гирифтани имзоҳои шахсони масъул дода шуданд.

Дар оғози соли нави таҳсил дастури умумӣ оид ба таъмини бехатарии меҳнат, бехатарӣ  аз сӯхтор ба расмият дароварда шуда, бо супориши Ректори донишкада барои иҷроиш ба унвони деканҳо, сардорони Раёсат, шӯъбаҳо ва қисмҳои донишкада фиристонида шуда, аз онҳо талаб карда шуданд, то ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин дар ҳамаи утоқҳои корӣ, синфхонаҳо, хобгоҳҳо гӯшаи махсуси муҳофизати меҳнат ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷой дода шуда, бо ҳамаи кормандон ва донишҷӯён дастурҳои додашуда мавриди омӯзиш қарор дода шуда, аз натиҷааш санҷишҳо қабул карда мешаванд.