Дар кафедраи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикии факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили илмии «Дӯстдорони автомобил» баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот роҳбари маҳфил Гаффоров Хушрӯз иттилоъ дод.
Дар маҳфили декани факултети металлургия, дотсент Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедраи нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикӣ дотсент Бобоев Раҳимҷон ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи навбатии маҳфил декани факултет Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедра Бобоев Раҳимҷон, омӯзгори ҳамин кафедра Додохонов Муқимҷон ва донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш” Қаландарзода Исломбек суханронӣ намуданд.
Мавзуи «Технологияи иттилоотӣ дар нақлиёт» дар ҷаласаи маҳфил мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд, ки оид ба аҳаммияти технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи нақлиёт, истифодаи онҳо дар ташкили ҳамлу нақли автомобилӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳаи нақлиёт муфассал гуфта шуд.
Таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи ҳамлу нақл, хидматрасонии логистикӣ ва умуман нақлиёт дар ин шабу рӯз талаботи замон буда, барои рушди соҳа мусоидат менамояд.
Шуъбаи иттилоот


