МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА БО СОҲИБКОРИ ЧИНӢ

Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат бо соҳибкор аз шаҳри Шандони Ҷумҳурии халқии Чин мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Парки технологии Донишкада бо ширкатҳои чинӣ, ифтитоҳии марказҳои хидматрасонӣ, таҳвили техникаву технологияҳои муосир, истеҳсоли таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои гибридӣ, таъсиси меҳмонсарои муосир ва гузаронидани корҳои муштараки илмӣ тибқи фармоиш баррасӣ карда шуд.
Ректори Донишкадаро дар ин мулоқот муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, профессор Ҳоҷиев Саидмуқбил ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкорӣ ва пешрафти корҳо изҳори хушнудӣ намуда, хостори тақвияти робитаҳои мустақим гардиданд.
Соҳибкор аз Ҷумҳурии мардумии Чин таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои мо ифтихор буда, бо чунин муассисаи олии таълимӣ ҳамкорӣ намудан орзуи ҳар як соҳибкор ва ширкат мебошад.
Дар фарҷоми мулоқот ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба соҳибкори чиноӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва медали ҷашнӣ тақдим намуд.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, баҳри татбиқи илм дар истеҳсолот, амалӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳа бо соҳибкорону олимони сатҳи байналмиллалӣ ҳамкорӣ менамояд.
Шуъбаи иттилоот