Санаи 24-уми ноябри соли 2026 дар факултети корҳои кӯҳии Доишкада кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Парчам-рамзи ҳамбастагиву ҳамдилии миллат” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид дар мавзуи “Парчам-нишон аз озодиву истиқлол ва соҳибдавлатӣ”, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой дар мавзуи “Парчам-нишони қудрату ваҳдати миллат”, сардори раёсати таълим Осими Оқил дар мавзуи “Парчами давлатӣ таҳкимбахши ваҳдат ва намози соҳибихтиёрии давлат”, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ оид ба тарбия Давлатов Хайриддин дар мавзуи “Парчами миллӣ рамзи иттиҳоду ҳамммаромӣ ва вусъатбахши ҳисси ватандӯстӣ”, мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ Самадова Гули дар мавзуи “Парчами давлатӣ ва давлатдории навини миллӣ” ва донишҷӯён маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки чорабинии мазкур бо мақсади гиромидошти яке аз муқаддасоти миллии кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ташкил карда шуд. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии соҳибистиқлолии кишвар буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ, ваҳдати мардум ва эҳсоси ифтихори ватандорӣ нақши муҳим мебозад.
Изҳор дошта шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти муҳими миллӣ ва рукни асосии давлатдорӣ маҳсуб ёфта, барои миллати сарбаланди тоҷик нишон аз давлатдории куҳан ва рамзи иттиҳодсоз дониста мешавад.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси садорати факултети корҳои кӯҳӣ ботантана баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот




