Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.
Дар ҳамоиш ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат, олимону муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон ширкат намуданд.
Ҳамоишро ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба моҳияту мақоми Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи парчамдории миллати тоҷик, ҷасорату шуҷоати миллати тоҷик, ҳамбастагиву ҳамдилӣ, сулҳу ваҳдат, хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти давлату миллати тоҷик, рушди илму маориф, ҷанбаҳои тарбиявии таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, изҳор дошт, ки Парчам қабл аз ҳама рамзи қудратмандӣ ва ҳикмату ҳамбастагӣ, намоди аз мавҷудияти миллату давлати мустақил мебошад. Тазаккур бояд дода шавад, ки ҳар як миллати соҳибдавлат бо рамзҳои муқаддаси худ, аз ҷумла Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихор менамояд. Парчами давлатӣ на танҳо як матои рангоранг, балки нишони ҳастии миллат, ваҳдати мардум, озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат арзёбӣ мегардад. Барои миллати тоҷик ва умуман сокинони шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Парчами давлатӣ мақоми вижа дошта, ҳамчун рамзи давлатдорӣ, озодиву мустақилият, ҳамбастагиву ҳаммаромӣ, тавонмандиву сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Парчами миллӣ чунин арзёбӣ намудаанд: “Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди орётаборамон бо тобиши се ранг – ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад”.
Таъкид карда шуд, ки ҳар замоне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон мегардад, инсон ба андеша меравад ва бо ҳисси баланди ифтихор ва сарфарозӣ ёди масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат бар Ватан меафтад. Чунки бақои давлату миллат, парафшонии Парчами давлатии мо аз замири пок, муҳаббати баланд бар ватан ва талошу кӯшишҳои ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бедордилу меҳанпараст вобаста аст. Ҳар лаҳза садоқат бар Ватан, як саҳифаи нави меҳандӯстӣ ва арҷгузорӣ бар арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ мебошад.
Шукр аз истиқлолу озодӣ, ки ҳоло Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои муҳими давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ барафрохта мешавад ва ин ифтихори бузург мебошад. Парчами давлатиро дар назди биноҳои мақомоти давлатӣ, сафоратхонаҳо ва давтаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дидан мумкин аст, ки ин рамзи муҳаббати миллат бар Ватан ва соҳибдавлатӣ мебошад. Ҳамзамон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол доимо парафшон мебошад, ки ин эътироф аз давлатдории миллии тоҷикон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ ба ғолибони озмуни вилоятии Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд, ки аз рӯи 3 номинатсия- “Мақолаи беҳтарин”, “Иншои беҳтарин” ва “Презентатсияи беҳтарин” баргузор гардид, туҳфаҳои молӣ ва диплому сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз ҷониби ансамбли ҳунарии “Ҷилои ёқут”-и Донишкада барномаи рангини ҳунариву фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ суруду таронаҳои ватандӯстона дар бораи Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, Парчами давлатӣ, забони модарӣ, наҷотбахши давлату миллат, Ватан ва саҳнаҳои тарбиявӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат ба ташкилкунандагони чорабинии фарҳангӣ, ҳунармандону сарояндагон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъол дар озмуни баргузорнамудаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сипосгузорӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот











