Шоми имрӯз, дар хобгоҳи рақами 1-Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили идона таҳти унвони “Парчами мо-ифтихори мо” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Парчам ё дирафш барои миллати тоҷик вожаи муқаддас аст. Аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ тоҷикон ин анъанаро расмият дода буданд, ки миллати соҳибдавлат ва дорои қудрати сиёсӣ бояд Парчами худро дошта бошад ва дар фарҳанги миллии мо парчам нишони қудрат ва тавонмандӣ низ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз замони қадим то имрӯз миллати тоҷик ба Парчам эҳтиром мегузорад ва ҳамеша онро чун нишони воло ҳифз менамояд.
Парчами давлатӣ аз таърихи дур ва замонҳои гузаштаи давлатдории миллати тоҷик нишон аст. Тоҷикон аз замонҳои қадим давлатдор ва бофарҳангу соҳибтамаддун буданд, ки ин чиз дар тамоми маъхазҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Маҳз ҳамин фарҳанги баланди миллати тоҷик парчамдориро рамзи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ муаррифӣ месозад.
Дар маҳфил ҳамзамон донишҷӯён дар бозии “Заковатсанҷ” фаъолона иштирок намуда, роҷеъ ба Парчами давлатӣ, таърихи давлатдории навини тоҷикон ба суолҳо посух доданд.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургияи Донишкада баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
