ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ИНЪИКОСИ АРЗИШҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ МИЛЛАТ-баргузории семинари илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар толори хурди Донишадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи ҳуввияти миллӣ ва инъикоси таърихию фарҳангии миллат” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзуи “Парчами-ифтихори давлатдории мо”, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза дар мавзуи “Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ”, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо дар мавзуи “Парчами давлатӣ-рамзи худшиносиву худогоҳӣ, мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ Раҳимзода Ҳаётқул дар мавзуи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ваҳдату тавонмандӣ”, профессори ҳамин кафедра Назаров Х.М. дар мавзуи “Рушди соҳаи металлургия дар даврони соҳибистиқлолӣ, дастовардҳо ва нақши он дар саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзгор Исобоева Маликаҷон дар мавзуи “Нақши Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар байни насли наврас”, ва донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси металлургияи металлҳои ранга Шамсиев Алиҷон дар мавзуи “Парчами миллӣ дар фазои рақамӣ: имкониятҳои технологияҳои муосир баҳри тарғиби арзишҳои миллӣ” маъруза намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аввалин рамзи худшиносӣ ва муайянкунандаи қудрати сиёсӣ маҳсуб меёбад. Парчам рамзи мавҷудият ва соҳибихтиёрии ҳар миллат  буда, нишон аз таъриху давлатдории он миллат ба шумор меравад. Арзиши парчам ба матои абрешимиву пахтагии он вобаста нест, балки ҳар парчам аз рӯи меъёре қадрдонӣ мешавад, ки кадом халқу миллатро намояндагӣ мекунад. Парчам ба он хотир арзишманд аст, ки он ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрии халқ ва нангу номуси давлатдории моро бозгӯӣ менамояд. Парчам ба навъе обрӯву эътибор ва ҳайсияти миллатҳову кишварҳоро тараққӣ медиҳад. Парчам нишони бедории миллат ва тавону қудрати давлат мебошад.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин донишҷӯён шеъру таронаҳои ватандӯстона ва дар васфи Тоҷикистон, Парчами миллӣ қироат намуда, табъи ҳозиринро болида сохтанд.

Ёдра мешавем, ки чорабинии мазкур аз ҷониби кафедраи металлургия ва технологияи заргарии факултети металлургия баргузор карда шуд.

Шуъбаи иттилоот