ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ба шахсияти нодиру тавоно, Абармарди арсаи нангу номус, тоҷики асил ва хирадманди фазилатмард- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо, хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои бақои давлати тоҷикон, эҳёи дубораи давлатдорӣ ва саодати миллат ҳаргиз фаромӯш карда наметавонем. Зеро маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир миллатро муаррифӣ ва давлати тоҷиконро дубора эҳё намуданд.
— Барои Тоҷикистони нав истиқлол касбнамуда ва дар буҳрон печида шахсияте, ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур буд, ки ин тифли навро тарбият кунад, парасторӣ намояду ба воя бирасонад. Далели бе баҳс аст, ки даҳаи аввали истиқлоли давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик мушкилиҳо дошт, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақсимшавии элита ба қисматҳо, дарки нодуруст аз истиқлоли давлатӣ аз мушкилоте буданд, ки таъсири манфӣ бар ин даҳа гузоштанд.
Бо зуҳури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати Тоҷикистон вазъ комилан тағйир ёфт. Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нукта гузоранду давлатро наҷот бидиҳанд ва ба миллат саодат бахшанд. Ин саодат ва ин сулҳ миллатро барои ҳамеша бар хушбахтӣ расонид. Ва ин ваъдаи як Абармади арсаи сиёсат мебошад. Зеро дар рӯзҳои нахустини қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ чунин ваъда дода буданд: «Ман кори худро аз барқарор намудани сулҳ оғоз мекунам. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам. Мо бояд дар бобати ба эътидол овардани вазъият якдил бошем. Ман ҳам дар ин роҳ он чӣ аз дастам ояд, иҷро мекунам».
Дар ҳақиқат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ваъдае, ки дода буданд, он мақсаде, ки гузошта буданд, он ҳадафе, ки дар пеш гирифта буданд ва он роҳеро, ки барои саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон интихоб намуда буданд, иҷро намуданд. Абармарди замон Тоҷикистонро ба биҳишт табдил доданд, Тоҷикистонро обод намуданд ва беҳтарин шароитро барои миллат фароҳам оварданд. Давлати миллии тоҷиконро бунёд карданд, ки ин ҳам хизмати бузурги ин Абармарди арсаи сиёсат мебошад. Сарвари давлат таваҷҷуҳи махсусро ба соҳаи маориф бахшиданд ва давра ба давра барои рушди ин соҳа талош намуданд. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаву ғамхоронаашон агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 мактаби олӣ вуҷуд дошт, имрӯз шумораи он ба 48 адад расидааст, ки ин аз талаботи замон ва ғамхорияшон нисбат ба насли ҷавон шаҳодат медиҳад.
Давра ба давра зиёд намудани маоши кормандони соҳаи маориф, махсусан 20 маротиба зиёд кардани маоши омӯзгорон аз аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели маорифпарвари асил, роҳбари хирадманду покзамир ва саодатсози миллат будани ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли масоили дохилии кишвар боз барои дар сатҳи байналмиллалӣ пайдо намудани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила корҳои назаррасро анҷом доданд. Ин ҳам барои ҳалли масоили глобалӣ мусоидат менамояд ва аз ҷониби дигар, исбот мекунад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони онанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари давлати хеш нисбат ба тақдири башар бетараф нестанд.
Аз ҷумла, ташаббуси нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, ин кишварҳоро дар ҳалли як масъалаи мубрами рӯз сарҷамъ намуд.
— Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон намуд;
— Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бинобар Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти асноди 67/204, ки муаллифаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро таҷлил намуд.
— Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд.
—Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;
14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии СММ барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад ва ин қатънома дар рӯзҳои иди Ваҳдати миллӣ дар кишвар бо номи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби СММ қабул карда шуд.
Ҳамзамон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ин ҳама ташаббусҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тақдири насли башар бетараф нестанду барои оромишу суботи сайёра ҷаҳд менамоянд ва ин ҳам аз инсонияти баланди он кас шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати тоҷикон ташаббусҳои зиёди байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки аксари онҳо аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияти башардӯст ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва давлати масъулиятшинос эътироф менамоянд.
Ба хусус ҳадяи китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони кишвар бори дигар аз хиради воло ва дилсӯзиву миллатсозии ин абармарди арсаи сиёсат шаҳодат медиҳад.
Воқеан ҳам, формулаи сулҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳёи дубораи давлату миллат, наҷоти давлати тоҷикон, зинда намудани унсурҳои фарҳангӣ, талошҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аз иқдомҳои нодири Роҳбари хирадманду хирадсолори тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки тоҷику тоҷикистониро водор месозад, то бо сари баланд ва мардонагии воло ба Президенти Тоҷикистон сипос бигӯяду миннатпазирӣ намояд.
Қадршиносӣ аз хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба эҳёгари Тоҷикистон ва меъмори сулҳу субот дар ҷаҳони муосир мебошад!
Дар умум, метавон чунин арзёбӣ кард, ки сокинони шарафманди Тоҷикистон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба роҳбари маъмулӣ, балки ба наҷотбахши Тоҷикистон, баҳамоварандаи миллат, кафили сулҳу субот ва ҳамдилӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги миллат, асосгузори мактаби нави давлатдории миллӣ ва умуман, ҳамчун ба муҳандис ва тарроҳи давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои кулли тоҷикони рӯи дунё менигарад. Ва ҳамин аст, ки дар кишвари азизамон ҷонибдорӣ аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънои бузургтар аз ҷонибдорӣ аз як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ин абармарди арсаи сиёсат ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори Тоҷикистони ободу озод, осоиштаву пешрафта ва миллати саодатманду мустақил мебошад. Чунки иродаи устувори ин бузургмарди миллат тоҷику тоҷикистониро ба саодат расонида, давлатдории навини тоҷиконро дубора эҳё намуд, ки кори андак ва заҳмати кам нест. Имрӯз тоҷикон саодатманду шарафманд ва Тоҷикистон дорои обрӯву мақоми байналмилалӣ мебошад, ки ин ифтихори бузург натиҷии сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Воқеан ҳам маҳз бо шарофати сиёсати башардӯстона ва оқилонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат истиқлоли воқеиро дид ва тамоми тоҷикон ӯро Пешвои худ интихоб карданд. Корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва аҳли сайёра наҷотбахшӣ, пайвандгарӣ, сулҳоварӣ, хирадгароӣ, башардӯстӣ мебошад, ки бо баракати ин сиёсати хирадмандона тоҷик ва Тоҷикистонро имрӯз кулли ҷаҳон мешиносаду эътироф менамояд. Аз ин рӯ ба қадри ин арзиши бузурги миллӣ бояд расид. Мо, ҳамчун фарзанди ин сарзамин бояд шукргузор бошем, ки чунин сиёсатмадорони ҷонфидо ва созандаву башардӯст дорем.
Маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон обрӯву мақом бахшиданд ва миллатро аз кулфат ба саодату шарафмандӣ расониданд. Аз ин рӯ:
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзи ифтихор ва сипос аст!
Рӯзи Президент — рӯзи шараф ва озодагист!
Давлат ДАВЛАТЗОДА,
ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
