Таърихи ҳар як миллат лаҳзаҳои тағйиротсоз ва шахсиятҳоеро дорад, ки тақдири мамлакатро ба сӯи пешрафт ва суботи сиёсӣ раҳнамун месозанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 16 ноябр ҳамчун « Рӯзи Президент» ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз фарогирии арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои конститутсионӣ ва дарки дурусти нақши Сарвари давлат дар бунёди ҷомеаи муосир мебошад.
- Заминаҳои таърихӣ ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ
Барои дарки амиқи аҳамияти ин сана бояд ба саҳифаҳои таърихи навини кишвар назар биандозем. Аввали солҳои 1990 Тоҷикистон бо бӯҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва низоъи мусаллаҳи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд. Хатари барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва пароканда шудани миллат воқеӣ буд. Дар чунин шароити ниҳоят ҳассос, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки тақдири минбаъдаи халқи тоҷикро ҳал кард.
Маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Интихоби мазкур марҳилаи нави бунёди давлатдорӣ, гузариш аз низоъ ба сулҳҷӯӣ ва барқарорсозии рукнҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳокимияти марказиро оғоз бахшид.
- Сухани сарнавиштсоз ва бунёди сулҳи миллӣ
Роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ниҳоят мушкил оғоз шуд. Қадам мондан ба минбари роҳбарӣ дар кишваре, ки оташи ҷанг аланга мегирифт, ҷасорати бемисл ва садоқати бузург ба Ватанро талаб мекард. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввал бо суханони таърихии худ ба қалби мардум умед бахшиданд: « Ман ба Шумо сулҳ меорам!».
Ин ваъдаи бузург бо заҳматҳои шабонарӯзӣ, гуфтушунидҳои душвор ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 таҷассум ёфт. «Модели тоҷикии сулҳ» имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири ҷаҳонӣ дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф шудааст.
- Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисод, саноат ва таъсиси Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Бо дастгирӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон заминаи устувори илмӣ ва кадрӣ дар кишвар фароҳам овард. Ин даргоҳи олии таълимӣ дар омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноат, энергетика, геология ва металлургия саҳми арзанда мегузорад. Дар шароити муосир, ки саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи стратегӣ эълон шудааст, фаъолияти ин Донишкада ба рушди устувори иқтисодӣ ва бо кадрҳои варзида таъмин намудани корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат мерасонад.
- Нақши тарбиявӣ ва маънавии Рӯзи Президент
Ҷашни Рӯзи Президент дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ буда, барои ташаккули фарҳанги сиёсии насли ҷавон ва донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард. Омӯзиши ин давра ба насли наврас меомӯзад, ки оромии имрӯзаи кишвар маҳсули заҳматҳои беандоза аст.
- Омӯзиши таърихи соҳибистиқлолӣ: дарк кардани қадри сулҳ, субот ва арзишҳои истиқлолияти давлатӣ.
- Намунаи масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ: ибрат гирифтан аз фаъолияти фидокоронаи Сарвари давлат баҳри ободии Ватан ва рушди соҳаи калидӣ.
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ: таҳкими ҳисси худшиносӣ ва эҳтиром ба Парчам, Нишон ва Конститутсияи кишвар.
Хулоса.
Хулоса, 16 – уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ваҳдати миллии тоҷикон, сулҳи пойдор ва рушди босуръати иқтисодию саноатии кишвар мебошад. Ин сана, ба ҳар яки мо хотиррасрн мекунад, ки бо роҳбарии хирадмандона ва ҳамбастагии халқу ҳукумат метавонем баландтарин қуллаҳои пешрафтро фатҳ кунем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст он аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намуда, бо меҳнати софдилона ва саҳми арзанда дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз фаъолона иштирок намояд.
Юсупов Хуршедҷон
омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
