ҒОЛИБИЯТИ БОНУВОНИ ДОНИШКАДА ДАР МУСОБИҚАИ ҲИЗБӢ

Имрӯз, дар мусобиқаи баргузорнамудани кумитаи иҷроияи ҳизбӣ миёни бонувон дар шаҳри Бӯстон аз рӯи навъи варзиши волейбол дастаи волейболбозони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо мағлуб намудани тамоми дастаҳои волейболбозони шаҳри Бӯстон ғолиби ҷойи аввал гардиданд, ки ин дастовардро ба бонувону ҳайати профессорию омӯзгорӣ табрику таҳният мегӯем.

Ин ғолибият далели равшани фаъолмандии бонувони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва пешсаф будани онон дар риштаи варзиш мебошад.

Ёдрас мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои машғул шудан ба варзиш тамоми имконот фароҳам оварда шудааст ва аз рӯи чандин навъи варзиш дастаҳои варзишӣ амал мекунад.

Шуъбаи иттилоот