ВАТАНДӮСТӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ПОЯИ УСТУВОРИИ ҶОМЕА ВА ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва пешгирии таъсири ғояҳои ифротгаро аҳаммияти махсус пайдо намудааст. Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва бунёди ояндаи кишвар нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, ташаккули ҷаҳонбинии солим, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангии онҳо яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.
Ватандӯстӣ танҳо дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ё ифтихор аз таъриху фарҳанги миллӣ нест. Он пеш аз ҳама дар эҳтиром ба қонун, ҳифзи сулҳу субот, меҳнати ҳалол, масъулиятшиносӣ, саҳмгузорӣ дар рушди давлат ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон зоҳир мегардад. Шахси ватандӯст бо дониш, касбият, рафтори шоиста ва фаъолияти созандаи худ барои ободии Ватан саҳм мегузорад.
Яке аз таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи муосир терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти шаҳрвандон, суботи ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ барои ҷалби ҷавонон аз роҳҳои гуногун, аз ҷумла паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, ваъдаҳои фиребанда, таҳрифи арзишҳои динӣ ва истифодаи мушкилоти иҷтимоии ҷавонон истифода мебаранд.
Таассуби кӯр-кӯронаи динӣ ва хурофотпарастӣ низ метавонад ба тафаккури мустақил, ҷаҳонбинии илмӣ ва раванди рушди маънавии ҷавонон монеа эҷод намоянд. Маърифати динӣ бояд бо дониш, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми қонун ҳамоҳанг бошад. Ҷавонон бояд фарқи байни арзишҳои аслии ахлоқию маънавӣ ва тафсирҳои таҳрифшудаву ифротиро дарк намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм ва терроризм заминаи мукаммали ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30 озодии сухан ва матбуотро кафолат дода, таблиғоту ташвиқотеро, ки бадбинию хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ менамояд. Моддаи 42 риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро вазифаи ҳар як шахс муайян мекунад.
Ҳамчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, яке аз вазифаҳои асосии муқовимат ба ин зуҳурот баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба урфу одатҳои миллӣ мебошад.
Қадами муҳим дар ин самт қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, №73 «Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мебошад. Стратегияи мазкур пешгирии барвақтии экстремизм дар муҳити таълимӣ, оила ва ҷомеа, баланд бардоштани амнияти иттилоотӣ, таҳкими ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро аз самтҳои муҳимми фаъолият муайян менамояд.
Ин санад зарурати муносибати маҷмӯиро ба масъалаи пешгирии ифротгароӣ нишон медиҳад. Яъне, танҳо чораҳои ҳуқуқӣ кофӣ нестанд. Балки баланд бардоштани сатҳи дониш, таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷавонон ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ низ аҳамияти калон доранд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули шахсияти донишҷӯ, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ мавқеи муҳим доранд. Донишгоҳу донишкадаҳо бояд на танҳо мутахассисони соҳибкасб, балки шаҳрвандони фаъол, дорои тафаккури мустақил, фарҳанги баланди муошират ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандиро тарбия намоянд.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои самти муҳандисию техникӣ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас дорад. Дар муассисаҳо ватандӯстӣ бояд пеш аз ҳама бо муносибати масъулона ба касб, азхудкунии технологияҳои муосир, рушди ихтироъкорӣ ва омодагӣ барои ҳалли масъалаҳои истеҳсоливу саноатии кишвар ифода ёбад.
Донишҷӯе, ки барои азхуд намудани донишҳои муосир, омӯзиши технологияҳои рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, коркарди самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист талош мекунад, дар амал барои пешрафти Ватан саҳм мегузорад. Аз ин лиҳоз, ҷалби ҷавонон ба лоиҳаҳои илмӣ, корҳои озмоишгоҳӣ, озмунҳо ва ҳамкории илмӣ бо корхонаҳои саноатӣ яке аз роҳҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ мебошад.
Дар шароити рушди фазои рақамӣ донишҷӯён бояд фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоиро риоя намоянд. Пеш аз бознашр кардани хабар ё навор зарур аст, ки дурустии он, муаллиф ва сарчашмаи иттилоот санҷида шавад. Ба доми саҳифаҳои қалбакӣ, гурӯҳҳои таблиғотии ифротӣ ва шахсони бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷавононро ҷалбкунанда набояд афтод.
Яке аз роҳҳои самараноки пешгирии таъсири ғояҳои ифротӣ фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ барои ҷавонон мебошад. Вақте донишҷӯ вақти худро ба омӯзиш, фаъолияти илмӣ, варзиш, ихтироъкорӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои созанда мебахшад, дар ӯ ҳисси масъулият, мустақилият ва мақсаднокӣ ташаккул меёбад.
Дар ин замина, зарур аст, ки муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зеринро тақвият бахшанд:
ташкили вохӯриҳои мунтазами маърифатӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм, хурофотпарастӣ ва таассуби кӯр-кӯрона;
ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ;
ташкили корҳои ободонӣ, ҳашарҳои дастаҷамъона ва иқдомҳои экологӣ;
баланд бардоштани саводи рақамӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ;
дастгирии ташаббусҳои донишҷӯён ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ.
Ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ аз омилҳои муҳимми ташаккули ҷомеаи солим ва пешрафта ба ҳисоб мераванд. Пешгирии экстремизм, терроризм, хурофотпарастӣ ва таассуби кӯр-кӯронаи динӣ бояд на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти муштараки оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишвар бошад.
Мо бояд дарк намоем, ки ояндаи давлат аз дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи насли ҷавон вобастагии мустақим дорад. Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан аз ҳар як ҷавон дониш, ирода ва масъулияти баландро талаб менамояд.
Ватандӯстии ҳақиқӣ дар сухан не, балки дар амал, дониш, меҳнати созанда, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз таҷассум меёбад.
Мирсаидова Фирӯза
сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон