Дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимон зери роҳбарии ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ректори Донишкада суханронӣ намуда, нахуст роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини шаффофият, такмили ихтисоси омӯзгорону кормандони Донишкада дар хориҷи кишвар, ҷалби олимону муҳаққиқони хориҷӣ ба муассиса, табодули академикии донишҷӯён, тақвияти ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалӣ, ҳавасманд сохтани омӯзгорони ҷавон, тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, таълифи адабиёти таълимӣ, асарҳои таҳқиқотӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тамоми масъулияти омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа ва фароҳам овардант шароит бар дӯши мо ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорон мебошад. Мо, бояд аввал шароити хуб фароҳам созем ва сониян дар таълиму тарбия масъул бошем. Вазифаи ҳар яки мост, ки донишҷӯёнро тарбия намоем ва касбу ҳунар омӯзонем, дар дили онон рағбат ба омӯзишро зиёд намоед. Бедор намудани шавқи хонандагон аз омӯзгорон сахт вобаста мебошад ва омӯзгорон бояд дар ин самт масъулият дарк намоянд. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ моро зарур аст, ки усулҳои нави таълиму тарбияро роҳандозӣ намоем, то донишҷӯён фаъолтар ва зақвманд бигарданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаҳои иҷроиши бандҳои “Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” дар Донишкада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки масъалаи истифодаи усулҳои нав дар низоми корӣ, воридсозии тартиботи нав ба низоми санҷиши сифати таҳсилот хеле муҳим буда, бояд дар ин самт корҳо ҷоннок карда шавад.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин мавзуъҳои рисолаи номзадӣ ва доктории олимони ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шуъбаи иттилоот



