БАРГУЗОРИИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, дар Донишкада қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он се нафар шаҳрвандон Раҳимзода Н., Атомаҳмадова Қ. ва Олимов Д муроҷиат намуданд.
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин муовинони ректор, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, декани факултети корҳои кӯҳӣ ва мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ иштирок намуданд.
Ректори Донишкада арзи шаҳрвандонро пурсида ба масъулин дастур дод, ки саривақт ва тибқи талаботи қонунгузорӣ талаботи шаҳрвандонро қонеъ гардонанд.
Таъкид карда шуд, ки раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша омода аст, дар доираи қонунгузории амалкунанда бо шаҳрвандон робитаашро густариш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд тибқи номнавис дар шуъбаи умумӣ ва назорат ба қабул ҳозир гарданд.
Шуъбаи иттилоот