Дар факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ таҳти унвони “Конститутсия -бахтномаи миллат” баргузор гардид.
Муовини декани факултети электромеханика оид ба тарбия Анвар Саидов, омӯзгори кафедраи таҷҳизот ва технологияи заргарӣ Дӯсталиён Сарвар, муовини декани ҳамин факултет оид ба таълим Кенҷаев Шӯҳрат роҷеъ ба нақши ҳаётии Конститутсия, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати истиқлолу озодии шаҳрвандон, кафили устувории давлат ва ҷомеа сухан ронда, моҳият ва мафҳуми Конститутсия, таърихи пайдоиш ва санаҳои қабули он ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Конститутсия такягоҳи асосии миллат бар пойдориву устувории давлат ва ҳаёти босаодат мебошад.
Ёдрас мешавем, ки хонишҳои сиёсӣ дар Донишкадаи тибқи дастури ректор Давлатзода Давлат дар тамоми факултетҳо баргузор карда мешавад.
Шуъбаи иттилоот





