Ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дотсент Субҳонқул Мавлонӣ ташриф оварда, бо роҳбарият ва олимони Донишкада оид ба ҳамкориҳои илмӣ мулоқот намуд.
Ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат олими хидматнишондода Субҳонқул Мавлониро хуш ба ҳузур пазируфта, аз ҳамкорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон изҳори умедворӣ кард.
Таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони варзида ва саҳми арзишманд гузоштан дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамеша омода аст бо олимону мутахассисони варзидаи соҳа ҳамкориҳояшро густариш бидиҳад.
Сипас, С. Мавлонӣ, ки таҷрибаи бою ғанӣ дорад бо ҳайати олимони соҳаи кӯҳкорӣ ва геология, нафту газ машварат намуда, роҷеъ ба ҳамкорӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон изҳори омодагӣ нишон дода, таъкид дошт, ки бо салоҳдиди роҳбарият ҳамкориҳояшро дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ идома медиҳад.
Мавсуф, ҳамкории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро бо Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор кард, ки чунин ҳамкориҳо бар рушди илму маориф мусоидат хоҳад намуд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, аз рӯи 43 ихтисос мутахассисонро омода менамояд.
Шуъбаи иттилоот
