Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Конститутсия – рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкада кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур ҳамзамон муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва фаъолони ҳизбӣ иштирок карданд.
Таъкид карда шуд, ки хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба ҳам овардани ҷомеа, таъмини ризоияти миллӣ, таҳкими пояҳои истиқлол ва бунёди ниҳодҳои муосири давлатӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми хосса доранд. Маҳз бо шарофати сиёсати созанда ва дурбинонаи Роҳбари давлат имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дорад.
Шуъбаи иттилоот


