Тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ба корҳои сохтмонӣ ва таҷдиду азнавсозии Маркази омӯзиши равандҳои иқтисодӣ дар факултети металлургия оғоз бахшида шуд.
Қарор аст, то оғози соли нав Маркази омӯзиши равандҳои иқтисодӣ дар назди кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ба кори худ шуруъ намояд. Маркази мазкур барои омӯзиши равандҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани фарҳанги молиявии донишҷӯён, таъсиси гурӯҳҳои таҳлилӣ, омӯзиши навгониҳои иқтисодӣ ва баргузории семинару машваратҳои соҳавӣ мусоидат хоҳад намуд.
Ҷиҳати тақвияти корҳо аз ҷараёни корҳои азнавсозию таҷдиди марказ декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо ва мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидов Мустафохон дидан намуданд.
