БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶАРАЁНИ ТАЪЛИМ

Баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа, таҳкими ғояҳои волои миллӣ, тарғиби илму дониш ва ҳифзи арзишҳои илмӣ, ташаккули ҳуввияти илмии насли ҷавон, рушди неруи инсонӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент  Давлатзода Давлат аз ҷараёни баргузории раванди таълим боздид намуда, бо донишҷӯён мулоқоту машваратҳо гузаронид. 

Таъкид карда шуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир рушд додани илму маориф, баланд гардонидани сифати таҳсилот, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳандӯстӣ, насли худогоҳу хештаншинос,  омода намудани кадрҳои дорои малакаву ҷаҳонбинии муосир, мукаммал намудани донишҷӯён бо донишҳои муҳими замон аз авлавиятҳои кор маҳсуб ёфта, дар ин самт ҷаҳду талош намудан бар суди миллат мебошад.

Ҳамзамон, изҳор дошта шуд, ки дониш қудрату имкон ва сипари инсон мебошад ва дониш омӯхтану касбу ҳунар ёд гирифтан бар нафъи кор буда, инсонро дар ҷамъият обрӯманд ва соҳиби мақому манзалат мегардонад.

Қайд бояд намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, аз рӯи 43 ихтисос мутахассисонро омода менамояд ва аксарияти барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст. 

Шуъбаи иттилоот