Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Иқтисодчии муосир” бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфил декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо дар мавзуи “Рушди иқтисодиёти кишвар дар 35-соли истиқлолияти давлатӣ”, мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Саидзода Мустафохон дар мавзуи “Иқтисодиёти рақамӣ кафолати рушди устувор”, ва донишҷӯи бахши чоруми иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти факултети металлургия Абдуаҳадова Мухлиса дар мавзуи “Саноатикунонии босуръати кишвар самараи сиёсати созанда дар даврони истиқлол”, донишҷӯи бахши чоруми ҳамин ихтисос Қурбонов Сино дар мавзуи “235-солагии истиқлолияти Тоҷикистон: роҳ ба сӯи суботу муваффақият”, донишҷӯи бахши чоруми ҳамин ихтисос Чақабоева Малина дар мавзуи “Тоҷикистон: 35-соли истиқлолият, рушди миллат ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ” маъруза намуданд.
Дар маҳфил донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, роҷеъ ба мавзуъ андешаҳои хешро иброз намуданд.
Ёдрас мешавем, ки маҳфили “Иқтисодчии муосир” дар назди кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ амал менамояд ва ҳар моҳ тибқи барнома нишасту ҷалаcаҳои маҳфил бо ширкати омӯзгорону донишҷӯёни фаъол баргузор мегардад.
Шуъбаи иттилоот



