Истиқлолият барои ҳар миллат муқаддастарин ва арзишмандтарин неъмат ба шумор меравад. Зеро истиқлолият танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ нест, балки рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва имкони мустақилона муайян намудани роҳи рушди кишвар мебошад. Барои миллати тоҷик Истиқлолияти давлатӣ оғози марҳилаи нави таърихӣ ва заминаи муҳими эҳёи давлатдории миллӣ гардид.
35 сол аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи пурифтихори давлатсозиро тай намуда, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Ин роҳи таърихӣ осон набуд. Солҳои аввали истиқлолият барои давлату миллати тоҷик давраи пур аз мушкилот ва озмоишҳои сахт ба ҳисоб мерафт. Дар чунин шароити ҳассос зарурати интихоби роҳи дуруст ва муттаҳид намудани ҷомеа аҳамияти бузург дошт.
Бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат марҳилаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардид. Сиёсати давлатсозӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар ба самтҳои муҳимми фаъолияти давлат табдил ёфтанд. Хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ барои таърихи навини Тоҷикистон аҳамияти хосса доранд.
Маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз мо бо итминон метавонем бигӯем, ки сулҳу субот яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ моро ба ҳам овард ва имконият фароҳам сохт, ки неруи созандаи ҷомеа ба бунёдкорӣ, ободонӣ ва рушди кишвар равона гардад.
Пешвои муаззами миллат дар сиёсати давлатдорӣ ба рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии кишвар, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар натиҷа, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бунёд гардида, симои мамлакат ба тадриҷ дигаргун шудааст.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии мардум мебошад. Дар ин раванд эҳтиром ба забони давлатӣ, таърихи пурифтихор, фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллӣ мақоми муҳим дорад. Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки шинохти таърих ва эҳтироми арзишҳои миллӣ барои ҳифзи давлатдории миллӣ ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти бузург дорад.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду мафҳуми ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Агар истиқлолият пояи соҳибдавлатии мо бошад, ваҳдати миллӣ неруи муттаҳидкунандаи ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи шоистаи худро пайдо кардааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи муҳити зист, таҳкими сулҳу субот ва ҳамкории байналмилалӣ аз обрӯ ва нуфузи афзояндаи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.
Имрӯз Тоҷикистонро бе дастовардҳои даврони истиқлолият тасаввур кардан душвор аст. Бунёди роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангӣ ва дигар иншооти муҳим симои кишварро дигаргун намудаанд. Ҳар як иншооти созанда, ҳар як корхонаи нав ва ҳар як қадами устувор дар роҳи рушди мамлакат таҷассуми соҳибистиқлолӣ ва меҳнати созандаи мардум мебошад.
35-солагии Истиқлолияти давлатӣ моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи кишвар бо назари масъулиятшиносона назар кунем. Ин ҷашн танҳо рӯзи шодиву тантана нест, балки фурсати муносибест барои дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан ва наслҳои оянда.
Ватандӯстӣ танҳо бо сухан ифода намеёбад. Ватандӯстӣ меҳнати ҳалол, эҳтироми қонун, садоқат ба Ватан, омӯзиши илму дониш, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар мебошад. Ҳар як шаҳрванде, ки барои пешрафти Тоҷикистон софдилона меҳнат мекунад, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ саҳм мегузорад.
Махсусан, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, илмомӯзӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия ёбанд. Ояндаи давлат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти созандаи насли ҷавон вобастагии зиёд дорад.
Истиклолият ба мо имкон дод, ки соҳиби давлати миллӣ бошем, фарҳангу забони худро ҳифз намоем ва роҳи рушди худро мустақилона интихоб кунем. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Имрӯз, дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо бояд бо эҳсоси ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба оянда назар кунем. Зеро истиқлолият на танҳо дастоварди як насл, балки мероси муқаддасест, ки бояд онро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда солиму устувор расонем.
Бигзор таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пойдору ҷовидон бошад. Бигзор кишвари азизи мо боз ҳам ободу пешрафта гардад, Парчами давлатӣ ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагии шоиста дошта бошанд.
Истиқлолият – ифтихори миллат, дастоварди бузурги давлатдорӣ ва масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Ҷовидон бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!
Пойдор бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Давлатов ХАЙРИДДИН
мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
