Мусаллам аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника, бозори меҳнат низ пайваста тағйир меёбад. Имрӯз, ҷомеа ба мутахассисоне ниёз дорад, ки дорои дониши муосир, малакаҳои касбӣ, қобилияти истифодаи технологияҳои нав ва мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ бошанд. Аз ин ҷиҳат, омодасозии мутахассисони варзида, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд, яке аз вазифаҳои муҳими низоми таҳсилоти касбӣ ва сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои рушди неруи инсонӣ ва таъмини пешрафти устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар тарбияи кадрҳои соҳибкасб нақши асосиро мебозанд. Вазифаи асосии онҳо танҳо омӯзонидани донишҳои назариявӣ нест, балки ташаккули малакаҳои амалӣ, тафаккури эҷодӣ, қобилияти ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ ва мутобиқшавӣ ба муҳити корӣ мебошад.
Барномаҳои таълимӣ бояд бо дарназардошти талаботи воқеии бозори меҳнат таҳия ва мунтазам такмил дода шаванд. Ҳамкории доимии муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва бахши хусусӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён таҷрибаи амалӣ андӯхта, баъди хатм барои фаъолияти касбӣ омода бошанд.
Яке аз чунин муассисаҳои олии пешқадам ва соҳибнуфуз дар кишвар ин Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад, мутахассисони варзидаро бо барномаи муосири таълим ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ омода менамояд. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 70 корхонаи саноатӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ҷиҳати ҷорӣ намудани низомии дуалии таълим имрӯз кор мекунад. Аллакай дар як қатор ихтисос ин низоми омодасозии кадрҳои ҷорӣ карда шудааст ва хеле ҳам самарабахш мебошад. Низоми дуалии таълим ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии хешро бо амалия ҳамсон созад ва андӯхтани таҷрибаи корӣ мусоидат менамояд.
Бояд қайд намуд, ки бозори меҳнат имрӯз танҳо ба дониши касбӣ маҳдуд намешавад. Корфармоён аз мутахассисон малакаҳои гуногунро талаб мекунанд, аз ҷумла:
дониши мукаммали ихтисосӣ;
истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ;
донистани забонҳои хориҷӣ;
қобилияти кор дар гурӯҳ;
маҳорати муоширати касбӣ;
масъулиятшиносӣ ва интизоми меҳнат;
қобилияти қабули қарор ва ҳалли масъалаҳо;
омодагӣ ба омӯзиши пайваста ва такмили ихтисос.
Аз ин рӯ, низоми таҳсилот бояд чунин муҳитро фароҳам оварад, ки донишҷӯён на танҳо дониш, балки малакаҳои амалӣ ва сифатҳои шахсиро низ аз худ намоянд.
Қайд намудан лозим аст, ки инқилоби рақамӣ талаботи навро ба фаъолияти касбӣ ба миён овардааст. Имрӯз қариб ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт аз технологияҳои рақамӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, мутахассис бояд бо компютер, барномаҳои соҳавӣ, захираҳои интернетӣ ва усулҳои муосири кор бо маълумот ошно бошад.
Ҳамзамон, рушди зеҳни сунъӣ, автоматикунонӣ ва технологияҳои нав зарурати омӯзиши пайваста ва мутобиқшавӣ ба тағйироти касбиро ба вуҷуд овардааст. Мутахассиси муосир бояд ҳамеша дониш ва маҳорати худро такмил бидиҳад.
Яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо густариши ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён мебошад. Ин ҳамкорӣ метавонад дар шаклҳои зерин амалӣ гардад:
ташкили таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ;
ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба раванди таълим;
таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ;
баргузор намудани семинарҳо, тренингҳо ва мастер-классҳо;
мусоидат ба бо ҷойи кор таъмин гардидани хатмкунандагон;
ифтитоҳ филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ дар назди корхонаи саноатӣ;
Таҷрибаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ин самт беназир мебошад. Зеро Айни замон кафедраҳои тахассусии ин Донишкада дар назди зиёда аз 20 корхонаи саноатӣ расман филиали худро боз кардаанд, ки ин барои омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкориву металлургия имконияти беҳтаринро фароҳам овардааст.
Дар натиҷаи чунин ҳамкорӣ донишҷӯён бо муҳити воқеии истеҳсолот шинос шуда, таҷрибаи касбӣ пайдо мекунанд, ки ин хеле муфид аст.
Мусаллам аст, ки дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши омӯзгор хеле муҳим мебошад. Омӯзгори муосир бояд на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки роҳнамо, мушовир ва ташаббускори истифодаи усулҳои нави таълим бошад.
Истифодаи технологияҳои интерактивӣ, омӯзиши лоиҳавӣ, корҳои амалӣ, таҳқиқоти мустақил ва воситаҳои рақамӣ самаранокии таълимро баланд мебардорад. Омӯзгор бояд донишҷӯёнро ба мустақилият, эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ ва омӯзиши пайваста ҳидоят намояд.
Ин нуктаро бояд таъкид сохт, ки бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, дар самти омодасозии мутахассисон баъзе мушкилот низ мавҷуданд, ки дар ин самт корхонаҳои саноатӣ низ бояд фаъол бошанд.
Омодасозии мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебошад. Дар шароити рақобати ҷаҳонӣ танҳо он кишвар метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад, ки дорои захираҳои инсонии соҳибкасб, донишманд ва рақобатпазир бошад.
Аз ин рӯ, такмили низоми таҳсилоти касбӣ, рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо истеҳсолот, истифодаи технологияҳои муосири таълим, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва тарбияи ҷавонони масъулиятшиносу эҷодкор вазифаи муҳими ҷомеа мебошад. Танҳо дар ин сурат метавон мутахассисонеро омода намуд, ки ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоранд.
Раҳимзода Шукринисо
декани факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
