Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат зимни як сафари корӣ бо ҳайати профессорию омӯзгории Донишкада аз Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсупова боздид намуда, бо директори коллеҷ Тиллоева Ситорахон ва ҳайати роҳбарикунандаи он мулоқот намуданд.
Ректори Донишкада Давлатзода Давлатро дар ин сафар сардори шуъбаи муассисаҳои таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нав Дилафрӯз Шарифзода, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, директори парки технологӣ профессор Ҳоҷизода Саидмуқбил, сардори раёсати таълим Осими Оқил, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, декани факултети электромеханика профессор Қозизода Камолиддин, декани факултети корҳои кӯҳӣ Маҳмудов Ҳасанбой, мудири кафедраи геология ва корҳои маркшейдерӣ доктор Самадова Гули, мудири кафедраи ташкили ҳамлу нақл Бобоев Раҳимҷон, дотсенти кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ Қодиров Абдурашид, омӯзгори кафедраи нафту газ Почоев Анӯшервон ва сардори раёсати иттилоот ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни, боздид аз коллеҷ ректори Донишкада Давлатзода Давлат ба директори Коллеҷ машваратҳо дода, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, таъсиси минтақаҳои таҷрибавӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдрас мешавем, ки Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон буда, дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва аз рӯи 17 ихтисос мутахассисонро омода менамояд.
Шуъбаи иттилоот




