Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва Ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин дастовардҳои мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳар сол 27 июн дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз рамзи сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии мардуми тоҷик мебошад.
Ғояи Ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили пурқудрати иттиҳоду ҳамбастагии ҷомеаи мо нақши бисёр муҳим ва арзишмандро иҷро намуд. Имрӯз зарур аст, ки омӯзиш ва тарғиби Ваҳдати миллӣ ҳамчун унсури асосии худшиносӣ, тафаккур ва ҳувияти миллӣ ба таври амиқ ва ҳамаҷониба ба роҳ монда шавад.
Мардуми Тоҷикистон бо баракати истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ дар роҳи рушди устувор ва созанда бо иродаи қавӣ ба сӯи ояндаи дурахшони Ватани азизамон қадам мегузорад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Пешрафту суботи кишвар гувоҳи равшани нақши ваҳдат ва ҳамбастагии мардум мебошад. Мардуми шарафманди Тоҷикистон бо ҳисси ифтихори миллӣ барои ҳифз ва таҳкими сулҳу ваҳдат пайваста кӯшиш менамоянд.
Сатҳи зиндагӣ, маърифат, ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон пайваста боло рафта, назария ва таҷрибаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзандаи худро касб намудааст. Ин ҳама дастовардҳо мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар як фарди ҷомеа мебошанд.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои тантанавии ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегиранд. Истиқлолият, ки яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи навини миллати тоҷик ба шумор меравад, барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯз пешрафту суботи кишвар гувоҳи равшани нақши ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва иттиҳоди мардуму давлат мебошад. Ваҳдати миллӣ ба ҳайси арзиши муқаддас дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас гузошта истодааст.
Мардуми тоҷик ҳанӯз ҳам рӯзҳои пурошӯбу сангини оғози солҳои навадуми асри гузаштаро фаромӯш накардааст, замоне, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба давлат ва ҷомеа хисороти бузург ворид намуда, иқтисоди миллӣ ва ҳаёти сиёсиро ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ сохт. Он вазъият хатари аз байн рафтани давлатдорӣ ва пароканда шудани миллатро ба миён оварда буд. Аммо бо хиради азалии миллати тоҷик, иродаи қавии мардум ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба халқи тоҷик муяссар гардид, ки сулҳу суботро барқарор намуда, барои рушди давлати навини тоҷикон заминаи устувор гузорад.
Мардуми сулҳдӯсту фарҳангпарвари Тоҷикистон таҳти нишони ваҳдату ягонагӣ муттаҳид шуда, ваҳдати миллиро ҳамчун пояи асосии пешрафт ва омили муҳими суботу оромии ҷомеа пазируфтанд. Имрӯз низ сокинони кишвар барои ҳифз ва таҳкими ин неъмати бузург бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва заҳмати содиқона саҳм мегузоранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми мардуми сарбаланду ватандӯсти кишварро ба муносибати фарорасии 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик менамоем. Орзу дорем, ки ин ҷашни муқаддасу таърихӣ ҳамеша роҳи давлату миллати моро ба сӯи сулҳу субот, пешрафту ободӣ ва зиндагии осоишта равшан созад. Бигзор ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеаи мо пойдор монда, дӯстиву иттиҳод миёни мардум боз ҳам таҳким ёбад. Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо ва сарвати бузурги миллати тоҷик аст. Мо бояд ин дастоварди муқаддасро қадр намуда, барои пойдории сулҳу субот ва ободии Тоҷикистони азиз ҳамеша кӯшиш намоем. Таманно мекунем, ки истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон ҷовидона бошад ва дар қалби ҳар як фарзанди Ватан ҳисси меҳанпарастӣ, ҳамдилӣ ва муҳаббат ба Тоҷикистони азиз ҳамеша фурӯзон бимонад.
Бобоҷонов С.Н.
омӯзгори кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
