Қонуни авф, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, пеш аз ҳама ҳамчун як санади ҳуқуқии башардӯстона арзёбӣ мегардад. Мазмуни асосии чунин қонунҳо дар он аст, ки ба гурӯҳҳои муайяни шахсони маҳкумшуда сабукӣ дода шавад: баъзеҳо аз адои ҷазо пурра озод мегарданд, қисми ҷазо кам карда мешавад ё ба ҷазои сабуктар иваз мегардад.
Аз нигоҳи принсипҳои инсондӯстӣ, чунин иқдом аҳамияти калон дорад. Аввалан, он ба шахсоне, ки ҷиноятҳои начандон вазнин содир намудаанд ё бори аввал ба чунин ҳолат дучор шудаанд, имкони бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ медиҳад. Дар қонунҳои авфи Тоҷикистон аксаран гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла ноболиғон, занон, маъюбон ва пиронсолон фаро гирифта мешаванд, ки ин худ нишонаи ғамхорӣ ва инсондӯстии давлат мебошад.
Сониян, авф ба таҳкими муҳити иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Озод шудани шумораи муайяни маҳкумшудагон метавонад ба коҳиши серодамии муассисаҳои ислоҳӣ ва беҳтар гардидани шароити нигоҳдорӣ оварда расонад. Ҳамзамон, чунин иқдом ҳамчун воситаи тарбиявӣ низ хизмат мекунад, зеро давлат ба шахс имконияти ислоҳ ва ибрози пушаймониро медиҳад.
Бо вуҷуди ин, инсондӯстии қонуни авф дорои ҳудудҳо низ мебошад. Қонун одатан нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла зидди амнияти давлат ё терроризм содир кардаанд, татбиқ намешавад. Ин маҳдудият нишон медиҳад, ки дар баробари инсондӯстӣ, адолат ва амнияти ҷомеа низ ба назар гирифта мешавад.
Қонуни авф яке аз шаклҳои амалии татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ дар сиёсати давлатӣ мебошад. Он миёни адолат ва раҳмдилӣ тавозунро нигоҳ дошта, ҳам ҳуқуқи ҷомеа ва ҳам имкони ислоҳи шахсро таъмин мекунад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки авф як воситаи муҳими татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ мебошад. Гарчанде шакл ва миқёси он дар кишварҳо фарқ мекунад, аммо мақсади умумӣ як аст — додани имконияти дуюм ба инсон, нигоҳ доштани тавозуни байни адолат ва раҳмдилӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо эҳтиром ба инсон доштан, дар андешаи таъмини амнияти сайёра будан ва дигар хислатҳои наҷиби худ яке аз шахсиятҳои нодири таърихӣ ба шумор мераванд.
Мо умед дорем дорем, ки он нафароне, ки қонуни авф барояшон татбиқ шуд, дар амалӣ намудани корҳои нек ва рушди сарзамини худ дар оянда саҳмгузор хоҳанд буд.
Осими Оқил
сардори раёсати таълими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, дотсент
