Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият сиёсати инсондӯстона, адолатпарварона ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст. Яке аз намунаҳои равшани чунин сиёсат қабули қонунҳои авф мебошад, ки ба ҳазорҳо шаҳрвандон имконияти бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ ва ислоҳи хатогиҳои гузаштаашонро фароҳам овардааст. Дар татбиқи ин сиёсати башардӯстона нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад.
Қонунҳои авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо воситаи ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари арзишҳои инсонгароӣ, бахшиш, раҳму шафқат ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Ин иқдомҳо нишон медиҳад, ки давлат нисбат ба тақдири ҳар як шаҳрванд бетараф нест ва барои ислоҳу бозсозии зиндагии онҳо имконият фароҳам меорад.
Авф яке аз институтҳои муҳими ҳуқуқӣ мебошад, ки тибқи он шахсони алоҳида ё гурӯҳи муайяни маҳкумшудагон пурра ё қисман аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда мешаванд. Қонуни авф бо мақсади татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ қабул мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои авф одатан ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ, ҷашнҳои давлатӣ ва рӯйдодҳои муҳими миллӣ қабул карда мешаванд. Ин қонунҳо ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ва таҳкими фазои сулҳу субот мусоидат менамоянд.
Авф ба шахсоне, ки аз кирдори худ пушаймон шудаанд ва омодаанд зиндагии навро оғоз намоянд, имкони дубора пайдо кардани ҷойгоҳи арзандаи худро дар ҷомеа медиҳад. Ҳамин тариқ, авф на танҳо ҷазоро сабук мегардонад, балки ба тарбияи ахлоқӣ ва ислоҳи шаҳрвандон низ таъсири мусбат мерасонад.
Қайд намудан лозим аст, ки аз оғози фаъолияти давлатдории навини Тоҷикон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Дар суханрониҳо ва ҳамоишҳои давлатӣ борҳо таъкид менамоянд, ки инсон ва манфиатҳои ӯ арзиши олӣ мебошад.
Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои гуногун чандин қонунҳои авф қабул гардидааст, ки ҳазорон нафар шаҳрвандон аз онҳо баҳравар шудаанд. Ин иқдомҳо далели онанд, ки роҳбарияти давлат нисбат ба тақдири шаҳрвандон бо эҳсоси масъулият ва ғамхорӣ муносибат менамояд.
Ҳикмати инсондӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми қабули қонунҳои авф на танҳо масъалаҳои ҳуқуқӣ, балки омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ низ ба назар гирифта мешавад. Занон, ноболиғон, пиронсолон, маъюбон ва шахсоне, ки ҷиноятҳои вазнин содир накардаанд, бештар фаро гирифта мешаванд. Ин нишон медиҳад, ки мақсади асосӣ на ҷазодиҳӣ, балки ислоҳи инсон ва барқарор намудани ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа мебошад.
Қонунҳои авф барои оилаҳои зиёде манбаи шодиву умед гардидаанд. Озод шудани саробонҳои оила, падарон, модарон ва фарзандон ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии бисёр хонаводаҳо мусоидат намудааст.
Ғайр аз ин, шахсони аз авф баҳраваршуда имконият пайдо мекунанд, ки бо меҳнати ҳалол зиндагии худро аз нав бунёд намоянд, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳм гузоранд ва узви фаъоли ҷомеа бошанд. Ин ҳолат сатҳи ҳамгироии иҷтимоиро баланд бардошта, эҳсоси масъулият ва ватандӯстиро дар байни шаҳрвандон тақвият мебахшад.
Ҷомеае, ки дар он арзишҳои волои ҷамъиятӣ бахшишҳо, инсондӯстӣ ва адолат ҳукмрон аст, метавонад ба пешрафти устувор ноил гардад. Аз ин рӯ, қонунҳои авф ҳамчун омили муҳими рушди иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Ҳамин нуктаро дар интиҳо бояд зикр намуд, ки Қонуни Авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи равшани сиёсати башардӯстона ва адолатпарваронаи Роҳбари олии давлат мебошад. Ин қонунҳо имконият медиҳанд, ки шахсони ба хатогӣ роҳдода роҳи ислоҳро интихоб намуда, ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.
Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва татбиқи чунин сиёсати инсондӯстона хеле муассир мебошад. Қабули қонунҳои сершумори авф дар даврони роҳбарии Пешвои миллат далели эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, ғамхорӣ нисбат ба шаҳрвандон ва садоқат ба арзишҳои башарӣ мебошад.
Аз ин рӯ, Қонуни Авф на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки таҷассумгари фарҳанги баланди инсонгароӣ, бахшиш ва меҳрубонӣ буда, дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузорад. Сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи ғамхорӣ ба инсон ва ояндаи ҷомеа аҳамияти бузурги таърихӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Насриддинов Шаҳбоз
Саидов Анвар
омӯзгорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
