Дар ҷомеаи муосир яке аз нишондиҳандаҳои муҳими давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд таваҷҷуҳ ба арзишҳои инсонӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани имконият барои ислоҳи афроди ба хато роҳдода мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали истиқлолият зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати инсондӯстона ва иҷтимоиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст. Дар ин самт қабули қонунҳои авф яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва башардӯстона ба ҳисоб меравад. Қонуни Авф ҳамчун санади ҳуқуқии дорои аҳамияти бузурги иҷтимоӣ на танҳо ба коҳиш додани оқибатҳои ҳуқуқии ҷиноят мусоидат мекунад, балки ба шахсони гунаҳгор имконият медиҳад, ки ба зиндагии муқаррарӣ баргарданд ва дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро пайдо намоянд.
Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар борҳо қонунҳои авф қабул гардидаанд, ки онҳо аз сиёсати инсонпарварона ва ғамхорӣ нисбат ба сарнавишти шаҳрвандон шаҳодат медиҳанд.
Қайд кардан лозим аст, ки Авф мафҳуми ҳуқуқие мебошад, ки мутобиқи он давлат нисбат ба гурӯҳи муайяни шахсони ҷиноят содиркарда сабукӣ пешбинӣ менамояд. Авф метавонад озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, кам кардани муҳлати ҷазо ё озод кардан аз адои қисми боқимондаи ҷазоро дар бар гирад. Ҳадафи асосии авф татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ, адолат ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон мебошад.
Қонуни Авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон одатан ба муносибати санаҳои муҳими таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ ва рӯйдодҳои муҳими давлатӣ қабул мегардад. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат ба тақдири шаҳрвандони худ бетараф нест ва барои ислоҳи онҳо имконият фароҳам меорад.
Авф на танҳо ба шахсони ҷиноят содиркарда таъсири мусбат мерасонад, балки барои оилаҳои онҳо низ аҳамияти бузург дорад. Баргаштани падар, модар ё фарзанд ба муҳити оилавӣ ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои таҳкими сулҳу ваҳдат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҷомеаи демократиро аз вазифаҳои муҳимтарин меҳисобанд. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат Тоҷикистон аз марҳилаи душвори ҷанги шаҳрвандӣ гузашта, ба роҳи сулҳу субот ва созандагӣ қадам гузошт.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Пешвои миллат инсонмеҳварӣ мебошад. Дар ҳамаи паёмҳо ва суханрониҳои худ Президенти мамлакат таъкид менамоянд, ки инсон арзиши олӣ буда, давлат бояд барои зиндагии шоиста ва ҳифзи ҳуқуқҳои ӯ тамоми шароитҳоро фароҳам созад.
Қабули қонунҳои авф яке аз зуҳуроти равшани ҳамин сиёсати инсонпарварона мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бар онанд, ки ҳатто шахсе, ки ба хато роҳ додааст, бояд имкони ислоҳ шудан ва бозгашт ба ҳаёти муқаррариро дошта бошад. Аз ин рӯ, дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо нафар шаҳрвандон аз имтиёзҳои авф баҳраманд гардида, ба назди оила ва ҷомеа баргаштаанд.
Қонуни Авф дар баробари аҳамияти ҳуқуқӣ доштан, дорои аҳамияти бузурги иҷтимоӣ низ мебошад. Он ба таҳкими эҳсоси адолат, меҳрубонӣ ва бахшиш дар ҷомеа мусоидат менамояд. Шахсоне, ки аз авф истифода мебаранд, дар назди давлат ва ҷомеа масъулияти бештар эҳсос намуда, кӯшиш мекунанд зиндагии худро ба роҳи дуруст равона созанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми зиёди шахсони аз авф баҳрамандшуда баъдан ба фаъолияти меҳнатӣ машғул гардида, дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузоранд. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки сиёсати башардӯстонаи давлат натиҷаҳои мусбат медиҳад ва ба коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, авф ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ низ таъсири мусбат мерасонад. Вақте давлат нисбат ба шаҳрвандони худ рӯҳияи бахшиш ва инсондӯстиро нишон медиҳад, эҳтироми мардум нисбат ба давлат ва қонун бештар мегардад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём бо хислатҳои наҷиб, аз ҷумла меҳрубонӣ, бахшиш ва инсонпарварӣ шинохта шудаанд. Дар осори бузургони адабиёти тоҷик, аз ҷумла осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Саъдии Шерозӣ ғояҳои раҳму шафқат ва эҳтиром ба инсон ҷойгоҳи махсус доранд.
Сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат низ ба ҳамин арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ такя мекунад. Қонунҳои авф ҳамчун намунаи амалии татбиқи ин арзишҳо ба ҳисоб рафта, анъанаҳои неки башардӯстонаи халқи тоҷикро тақвият мебахшанд.
Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори арзишҳои инсонӣ шинохта шудааст. Қабули мунтазами қонунҳои авф яке аз омилҳое мебошад, ки обрӯ ва нуфузи мамлакатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.
Дар умум Қонуни Авф яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он натиҷаи бевоситаи сиёсати инсондӯстона, инсонмеҳвар ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Авф на танҳо имкони ислоҳи шахсони гунаҳгорро фароҳам меорад, балки ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мусоидат менамояд.
Таҷрибаи солҳои зиёди соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки сиёсати инсонпарваронаи давлат самараи нек дода, ба таҳкими боварии шаҳрвандон нисбат ба давлат ва қонун мусоидат намудааст. Аз ин рӯ, Қонуни Авф ҳамчун рамзи меҳрубонӣ, адолат ва ғамхорӣ нисбат ба инсон аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
О. Зардуштмеҳр
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
