БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГИИ УМУМӢ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон шанбегии умумӣ бо ширкати ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ва дигар кормандону омӯзгорон,  баргузор гардид. 
Зимни баргузории шанбегӣ дар сатҳи боғот ва ҳавзаҳои нави гулпарварӣ, гулгашту хиёбонҳо пурра гулҳои наву тару тоза ва ороишӣ шинонида шуд. Ҳамзамон, қисме аз аудиторияҳо ва ҳавливу роҳравҳо таъмиру рангу бор карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот