БАРГУЗОРИИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДОНИШКАДА

Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Домуллоева Манижа  ширкат намуда,  шаҳрванд Бобоҷонов Сардорро қабул намуданд. 

Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шаҳрванд  Бобоҷонов Сардорро хуш  қабул намуда, арзашро пурсид. Маълум гардид, ки шаҳрванд барои гирифтани маълумотнома оид ба хатм муроҷиат намудааст.

Аз ҷониби роҳбарияти Донишкада муроҷиати  шаҳрванд санҷида шуда, аризааш барои бозбиниву баррасӣ ба раёсати кадрҳо ва корҳои махсус пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд бо тариқи номнавис ба шуъбаи умумӣ ва назорат  муроҷиат намоянд.

Шуъбаи иттилоот