Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018–2028 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон форум таҳти унвони «Таъмини низомҳои устувори озуқаворӣ дар давраи буҳрони ҷаҳонии об» бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид — Институти об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ оғоз гардид, ки дар он ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ширкат намуданд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз олимони фаъолу сермаҳсул ва аз мубаллиғони сиёсати маорифпарваронаву башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар рушди илми иқтисод ва тарбияи насли ҷавон саҳми арзишманд гузоштааст.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчун роҳбар ва олими маъруф дар тарбияи олимони ҷавон низ нақши муассир дорад.
Дар кори ин форум Асрорзода Убайдулло ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тшилидзи Марвала ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид — Институти об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) ва дигар шахсони расмӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи ин конфронс декани факултети металлургияи Донишкада дотсент Раҳимзода Шукринисо дар конфронси “Занон ва об”, ки доираи ҳамин даҳсола баргузор карда шуд, иштирок намуд.
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018–2028 яке аз ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои ҳалли масоили обу иқлим дар сайёра роҳандозӣ карда шудаасту аз сиёсати башардӯстонаи Роҳбарияти олии кишвар сарчашма мегирад.
Шуъбаи иттилоот


