БАРГУЗОРИИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОШКАНДИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва дар асоси шартномаи дуҷониба як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси геологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии хешро дар Донишгоҳи илмҳои геологии шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузаронида истодаанд.
Донишҷӯёни Донишкадаро як аз ҷавонони фаъолу ватандӯст, маорифпарвар ва ҷаҳондида профессор Муҳаммадиев Акбархон ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар ин даври таҷрибаомӯзӣ ҳамроҳ бо донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон боз донишҷӯён аз кишварҳои Италия, Тунис ва Муғулистон низ давраи таҷрибаомӯзӣ мегузаранд.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки зери роҳбарии хирадмандонаву ҷавонпарваронаи ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва талошҳои раёсати робитаҳои байналмилалӣ ҳамакунун таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишкада дар кишварҳои дӯсту бародар ва шарикони рушд гузаронида мешавад.
Ёдрас шудан лозим аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 67 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ робитаи ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси ин ҳамкориҳо табодули академии донишҷӯён сурат мегирад.
Зимни суҳбат донишҷӯён аз пазироии гарму ҷӯшон ва ҳусни ният дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ изҳори назар намуданд.
Ба хонандаи сомона равшан бод, ки донишҷӯёни мазкурро муовини аввали ректор ҷавони фаъол ва маорифпарвар Давлатзода Давлат бо додани машваратҳои муҳим ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон гусел намуд.
Шуъбаи иттилоот