НАСЛИ ҶАВОН ВА ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Ҷавонон нерӯи бузург ва ояндаи ҳар як давлату миллат ба шумор мераванд. Пешрафти ҷомеа, рушди иқтисод, фарҳанг ва илму техника аз дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз ҳамин сабаб ҳар як давлати пешрафта ба масъалаи тарбияи ҷавонон диққати махсус медиҳад.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон низ ба ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд. Дар даврони истиқлол барои таълиму тарбия, рушди илм, варзиш ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ғамхорӣ ба ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардидааст.
Ҷавонон қисми фаъол ва созандаи ҷомеа мебошанд. Онҳо бо нерӯи ҷисмонӣ, тафаккури нав ва донишу малакаи худ метавонанд дар пешрафти давлат саҳми арзанда гузоранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногун — илм, маориф, фарҳанг, варзиш, техника ва соҳибкорӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонон боварии калон дорад. Зеро маҳз ҷавонон дар оянда идомадиҳандаи роҳи бузургони миллат ва ҳимоятгари давлату миллат хоҳанд буд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вазифаи муҳим мебошад.
Пас аз истиқлолият дар Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт. Қонунҳо ва барномаҳои махсус қабул гардиданд, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии ҷавонон равона шудаанд.
Бо ташаббуси давлат Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он ба рушди ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардидааст. Ин ниҳод барои баргузор намудани озмунҳо, форумҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ саҳми муҳим мегузорад.
Ҳамчунин дар кишвар барномаҳои гуногуни давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон қабул шудаанд. Ин барномаҳо масъалаҳои таҳсил, ҷойи кор, рушди истеъдод ва ҳифзи иҷтимоии ҷавононро дар бар мегиранд.
Яке аз самтҳои муҳими ғамхорӣ ба ҷавонон ин рушди соҳаи маориф мебошад. Дар замони истиқлол дар Тоҷикистон мактабҳои нав, донишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ сохта шуданд. Барои омӯзиши фанҳои муосир ва технологияҳои нав шароити хуб муҳайё гардид.
Имрӯз ҳазорон ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Барои донишҷӯёни болаёқат стипендияҳои давлатӣ таъсис дода шудаанд. Аз ҷумла, стипендияи президентӣ барои ҷавонони фаъол ва донишманд имконият фароҳам меорад, ки дониш ва малакаи худро такмил диҳанд.
Ғайр аз ин, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» барои баланд бардоштани шавқи ҷавонон ба китобхонӣ ва илм нақши муҳим доранд.
Дар давраи истиқлол варзиш низ хеле рушд кард. Барои ҷавонон варзишгоҳҳо, толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои замонавӣ сохта шуданд. Ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад, ки ҷавонон бештар ба варзиш машғул шуда, тарзи ҳаёти солимро интихоб намоянд.
Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро баланд мебардоранд. Ин дастовардҳо боиси ифтихори миллат мебошанд.
Ғамхорӣ ба варзиш ҷавононро аз корҳои ношоиста дур намуда, онҳоро ба интизом, матонат ва дӯстии байниҳамдигарӣ тарбия мекунад.
Тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ
Дар замони истиқлол ба масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон диққати махсус дода мешавад. Ҷавонон бояд таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро хуб донанд ва Ватани худро дӯст доранд.
Барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ҳамасола чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо ва форумҳои ҷавонон баргузор мегарданд. Ин гуна чорабиниҳо ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ даъват мекунанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, дар ободии кишвар саҳм мегузоранд. Ин нишонаи он аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон натиҷаҳои хуб медиҳад.
Бо вуҷуди ғамхориҳои зиёд, ҷавонон имрӯз бо баъзе мушкилот низ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҷумла, таъсири фарҳанги бегона, истифодаи нодурусти интернет ва бекорӣ метавонанд ба тарбияи ҷавонон таъсири манфӣ расонанд.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд ҳамеша барои донишомӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва хизмат ба ҷомеа кӯшиш намоянд. Онҳо бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат самаранок истифода баранд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Дар замони истиқлол ғамхорӣ ба ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Барои таҳсил, рушди илм, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятии ҷавонон шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа вазифадоранд, ки бо дониш, фарҳанг ва меҳнати ҳалол дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузоранд. Зеро ояндаи давлат дар дасти ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст мебошад.
Хушрӯз Ғаффоров
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон