Ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа, барои иштироки фаъолона дар озмуни шаҳрии “Беҳтарин китобхонаи намунавӣ-2026” ва бахшида ба 35-солагшии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии таъсисёбии шаҳри Бӯстон Китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхона Олимӣ Раъно иттилоъ дод.
Ёдрас мешавем, ки Китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз китобхонаҳои муосир ва дорои захираҳои бузурги ганҷи маърифат мебошад ва доимо барои мутолиакорону китобдӯстон дараш боз мебошад.
Шуъбаи иттилоот
