Дар толори хурди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои олимони ҷавон баргузор гардид.
Дар ҷаласа, муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид, раиси Шурои олимони ҷавон Раҳимзода Ҳаёт ва дигар аъзои Шуро ширкат варзиданд.
Ҷаласаи Шурои олимони ҷавонро муовини ректор оид ба корҳои илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақшаи кории Шуро, барномаи нави корӣ, чорабиниҳо суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Мирбобоев Шуҳрат, раиси Шурои олимони ҷавон Раҳимзода Ҳаёт, омӯзгори кафедраи ташкили ҳамлу нақл Ғаффоров Хушрӯз ва дигар омӯзгорону фаъолон маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳадафи баргузории ҷаласаи навбатии Шурои олимони ҷавони Донишкада ин пеш аз ҳама муаррифии олимони ҷавон, дастгирии олимони ҷавон ва роҳнамоии ҷавонони пажӯҳишкор мебошад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ

