Зимни боздиди шаҳри Бӯстон як гурӯҳ сайёҳони итолиёвӣ аз Донишкадаи кӯҳию металлурии Тоҷикистон низ дидан намуда, бо имконият ва шароит шинос гардида, ба кори муассиса ва олимони Донишкада баҳои баланд доданд.
Сайёҳони итолиёвиро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳноза, профессор Розиқов Зафар ва дигар сардорони раёсату декану омӯзгорон хуш истиқбол намуда, ба онон аз дастовардҳо, мақому манзалати Донишкада ва имконоти ин муассисаи олии таълимӣ ва ягона дар ҷумҳурӣ гуфтанд.
Сайёҳони итолиёвӣ бо як ҷаҳон таассурот ва кайфияти баланд ва сипосгузорӣ аз роҳбарияту ҳайати кормандони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри истиқболи баланд ва муносибати олӣ изҳори сипос гуфтанд.
Таъкид намуданд, ки дидор аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон як саҳифаи наверо дар ҳаёташон боз намуд ва аз хушбахттарин инсонҳо ҳастанд, ки дар ин ҷо бо олимон ва аҳли илму маориф дар зеботарин бино суҳбат менамоянд.
Шуъбаи иттилоот
