ШИРКАТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ПРОФЕССОР БАХТИЁР МАҲМАДАЛӢ ДАР ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 8-уми апрели соли 2026 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ ширкат намуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи ҳайати мушовара вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат намуданд.