РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН ХУҶАСТА БОД, ҲАМКОРОНИ ГИРОМӢ—ИҚТИСОДЧИЁНИ АРҶМАНД!

Имрӯз, дар ҷумҳурӣ тибқи тақвими миллӣ Рӯзи иқтисодчиён таҷлил карда мешавад. Саҳми иқтисодчиён дар рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти кишвар, омода намудани мутахассисони варзидаи соҳа беназир мебошад. Бояд таъкид дошт, ки маҳз бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодиёт ва бахшҳои алоҳидаи он заминаҳои пайдоиш касб намуд. Қабулу тасдиқи як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии ташаккул ва густариши муносибатҳои иқтисодӣ боис гардид, ки иқтисодиёти миллии кишвар дар маҷмуъ асосҳои ҳуқуқӣ пайдо намояд. Ҳамзамон, заминаҳои иқтисодӣ ва ташкилии ташаккул ва рушди иқтисодиёти муосир, ки ҷанбаҳои назариявӣ ва методологии он баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ беҳтар карда шуданд, ба он оварда расонид, ки фаҳмиши иқтисодиёт ва бахши молиявии он, инчунин мавқеи мутахассисони соҳавӣ боло бардошта шавад. Фақат бо талошу кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иқтисодиёт таҳаввулоти бесобиқа сурат гирифт.
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисодиёт саҳми арзандаи хешро мегузорад ва тайи чанд даҳсолаи охир мутахассисони соҳаи иқтисодро тарбия менамояд.
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олимони варзидаи соҳаи иқтисод низ фаъолият доранд, ки дар рушди илми иқтисод дар ҷумҳурӣ низ саҳм мегузоранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, олимони варзидаи соҳаи иқтисод, иқтисодшиносони саршинос ва меҳандӯст профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, дотсент Мирзозода Воҳидҷон, дотсент Раҳимзода Шукринисо, дотсент Саидов Мустафохон ва ҳайати омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети металлургияро ба ин рӯзи касбӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору муваффақият ва сарбаландиву саодатмандӣ таманно менамоем.
Иқтисодиёти кишвар аз заҳмат ва талошу кӯшишҳои Шумо иқтисодчиёни меҳандӯст дар рушд аст!
Ҳайати профессорию омӯзгорӣ, раёсати иттифоқи муттаҳидаи касабаи Донишкада аз заҳмату талошҳои Шумо иқтисодчиёни меҳандӯст ва ҷонфидо сипосгузор аст.
РӮЗИ КАСБӢ ХУҶАСТА БОД, ИҚТИСОДЧИЁНИ АРҶМАНД ВА ГИРОМӢ!