ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ҶДММ “ПИНГМЕЙ ШИНМА ТА ЭНЕРҶИ” БА ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Намояндагони ҶДММ “Пингмей Шинма Та Энерҷӣ” дар шаҳр Исфара ҷиҳати ҳа корӣ ва ҳамзамон ҷалби хатмкунандагони Донишкада ба ширкат ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Шаҳнозахон ва сардори бахши таҷрибаомӯзӣ Деҳқонов Дилшод мулоқот намуданд.
Аз ширкати мазкур Ванг Йовей ва Ванг Ҷунлан намояндагӣ намуда, аз имконоти ширкат, талаботи корӣ ва ҳамзамон тавонмандиҳои ширкат гуфта гузаштанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ баҳри ҳамкорӣ, баланд бардоштани малакаи касбӣ ва машваратҳои самтӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Таъкид карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз беҳтарин муассисаҳои соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо беҳтарин шароит ва муосиртарин таҷҳизот, барномаи таълимии сатҳи байналмилалӣ мутахассисонро омода менамояд.
Айни замон Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо корхонаҳо, ширкатҳои саноатӣ тақвият бахшида, низоми таълими дуалиро пурра дар амал ҷорӣ карданист. Ҳоло тамоми кафедраҳои тахассусӣ дар назди корхонаҳои саноатӣ филиали худро боз намудаанд.
Шуъбаи иттилоот