Имрӯз, тибқи дастури ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷавони ватандӯст ва маорифпарвар, пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали ректор дотсент Давлатзода Давлат ҷаласаи нақшавии раёсатро баргузор намуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, деканҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат намуданд.
Дар ҷаласа Давлатзода Давлат оид ба ҷамъбасти санҷиши фосилавӣ, рейтенги донишҷӯёну омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, назорати ҷиддии ҷараёни таълим, масъалаи корҳои илмии магистрантон, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, баргузории семинару машваратҳо оид ба 20-солагии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, омодагии ҷиддӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеа додани ҳамкориҳо бо донишкадаву донишгоҳҳои хориҷӣ, ҷоннок намудани кори филиали кафедраҳо дар назди корхонаҳои саноатӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо пажуҳишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, омода намудани донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, қабули саривақтии шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати онҳо, риояи интизоми меҳнат, баргузории хонишҳои сиёсӣ ва огоҳ намудани ҷавонон аз ҳаракатҳои даҳшатафкан ва созмонҳои террористиву экстремистӣ, бурдани таблиғоти ҳаёти солим, ҷоннок намудани кори комиссияи қабул, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омӯзиши ҳолати таҷрибаомӯзӣ, дастгирии донишҷӯёни меҳанпараст дар ин шабу рӯз, сухан ронда, таъкид намуд, ки мо бояд бо дилу нияти пок, виҷдони солим, садоқати баланди ватандӯстӣ донишҷӯёнро тарбия намоем ва ҳамеша дар вақти иҷрои рисолати касбӣ суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори хеш қарор бидиҳем.
Ҳамзамон, дар ҷаласа гузориши як қатор сардорони раёсату шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва котиби комиссияи қабул шунида шуд, ки тибқи он баррасии масъалаҳо сурат гирифта, тадбирандешиҳо баҳри пешрафти кор сурат ироа карда шуд.
Давлатзода Давлат таъкид намуд, ки мо бояд барои тарбияи насли ҷавон, фарзанди мардум масъулияти баланд нишон диҳем, чунки мо дар назди давлату миллат масъулият дорем, рисолат дорем ва бояд масъулиятпазир бошем.
Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бояд ба таври ҷиддӣ кор кунем ва ҷавононро дар ин рӯҳияи бузург тарбия намоем. Зеро истиқлолият неъмати бузург мебошад ва моро зарур аст, дар роҳми ҳифзи ин неъмати гаронбаҳо ва дастоварди бузурги миллат ҷонфидоӣ намоем, тамоми талошу кӯшишҳоямонро барои ободиву рушди кишварамон равона созем. Ҳама гуна пешрафт ва муваффақият аз маорифт сарчашма мегирад ва мо бояд барои рушди илму маорифи кишвар ҷаҳду талош намоем. Асоси ҷомеаи солим аз маърифати баланд сарчашма мегирад.
Дар фарҷоми ҷаласа, муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба ҳозирин дастуру супоришҳо дода, иҷроиши бандҳои барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва нақша – чорабиниҳои донишкадавиро талаб намуда, ба масъулин пешниҳод намуд, ки дар вақти иҷрои рисолати касбӣ содиқ бошанд ва бо дилу нияти нек кор кунанд.
Шуъбаи иттилоот
